Сокинони Тоҷикистон дар иқдоми маърифатии «Диктанти фарогир-2017» иштирок карданд. Барои санҷиши забони русии худ беш аз 1 ҳазор нафар тоҷикистониён ба чорабинӣ ҳозир шуданд.
Рӯзи 8 апрел дар Тоҷикистон иқдоми бузургмиқёси байнулмилалии маърифатии ҳамасола оид ба таҳкими саводнокии «Диктанти фарогир-2017» баргузор шуд, ки бори 14-ум доир гардид. Имсол ин диктантро дар як вақт дар 800 шаҳри 68 кишвари дунё навиштанд.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон, диктанти фарогир дар Тоҷикистон дар панҷ муассиса - Маркази илму фарҳанги Русия, Донишгоҳи миллӣ ва Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ва Донишгоҳҳои давлатии Хуҷанд ва Хоруғ сурат гирифтааст.
Дар Маркази илму фарҳанги Русия дар Душанбе беш аз 200 нафар афроди касбу кори гуногун барои навиштани диктант ҳозир шуда, бархе эътироф намуданд, ки бори охир 30 сол пеш диктант навиштаанд.
Шахоне, ки диктант менависанд, метавонанд сертификати нишондиҳандаи сатҳи саводнокии худ аз забони русиро гирифта, афроди ба натиҷаи аъло ноилгардида рӯзи 6 июн дар маросими тантанавии «Рӯзи забони русии Пушкин дар Тоҷикистон» бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.