Маҳфили эҷодии Темур Зулфиқоров, нависандаи барҷастаи русзабони тоҷик таҳти унвони «Миндаль в снегу» (Бодом дар барф) рӯзи ҷумъаи ҳамин ҳафта дар толори хурди Театри ба номи Лоҳутӣ дар Душанбе доир мегардад. Оғози маҳфил соати 17-30 муқаррар шудааст.
Дар маҳфили эҷодии адиб ҳамчунин овозхони соҳибзавқ, сарояндаи романсҳои русӣ Ирина Дмитриева-Ванн низ ширкат меварзад.
Темур Зулфиқоров соли 1936 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, хатмкардаи Донишкадаи адабии ба номи Максим Горкий аст.
Шоир, нависанда ва драматурги тоҷик Темур Зулфиқоровро дар Ғарб “Дантеи адабиёти рус” меноманд ва асарҳояш ба даҳҳо забони олам тарҷума шудаву миёни хонандагони рус ва кишварҳои ғарбӣ аз маъруфияти хосса бархӯрдор аст. Муаллифи бештар аз 20 асари назмиву насрӣ буда, теъдоди нашри китобҳояшро аз 1 миллион нусха бештар арзёбӣ мекунанд.
Вай ҳамчунин муаллифи сенария дар бештар аз 20 филми ҳунарӣ ва мустанад мебошад.
Соҳиби ҷоизаҳои зиёди байналмилалӣ, аз ҷумла ҷоизаи “Ясная Поляна”, “Беҳтарин китоби сол”, “Антон Делвиг”, «Хартли-Мерилл» (Ҳолливуд, барои беҳтарин сенария) ва ғолиби озмуни “Ҳазрати Пайғамбар (с) раҳмат барои ҷаҳониён” мебошад Ӯ ду бор ба дарёфти Ҷоизаи Нобел пешниҳод шудааст.
Темур Зулфиқоров муддати тӯлонӣ дар шаҳри Маскав кору иқомат дошт. Айни замон ӯ дар Душанбе зиндагӣ мекунад. Яке аз офаридаҳои охирини адиб, ки дар деҳаи Зимчурӯди Варзоб ба риштаи қалам кашида шудаасту ӯ худ моҳҳои ахир он ҷо иқомат дорад, «Под тенью чинары» (Зери сояи чинор) ном дорад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.