Мақомоти шаҳрдории Душанбе ба баргузории раҳпаймоии «Полки ҷовидон» (Бессмертный полк) дар Душанбе, ки санаи 9 май аз ҷониби Шӯрои ҷумҳуриявӣ ва шаҳрии собиқадорон пешбинӣ гардида буд, иҷоза надод.
«Мақомоти шаҳрдорӣ тасмими худро бо ҳадафҳои таъмини амният асоснок карда, ҳамчунин изҳор медорад, ки дар ин рӯз дар Боғи Ғалаба чорабиниҳои идона, аз ҷумла гузашт доир мегарданд ва мутаносибан ҳамаи нерӯҳо барои таъмини амнияти шаҳрвандон дар он ҷо мутамарказ мешаванд», - хабар дод ба «Азия-Плюс» Валӣ Сайёрабеков, муовини раиси Шӯрои ҷумҳуриявии собиқадорон.
Ин маълумотро ҳамчунин дар мақомоти шаҳрдории Душанбе низ тасдиқ карданд.
Дар ҳамин ҳол, намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Рӯзи Ғалаба як қатор чорабиниҳо мегузаронад, аз ҷумла тақсими «лентаҳои георгиевӣ», консерту намоиш ва дигар чорабиниҳои ҷашнӣ.