Бо фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои офариниши асарҳои баландмазмуни бадеӣ, спектаклҳо, хизматҳо дар тайёр намудан ва тарбияи кадрҳои эҷодӣ Ҳошим Гадоев – ҳунарпеша ва режиссёри муассисаи давлатии «Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ»-и Вазорати фарҳанги ҶТ бо унвони фахрии Арбоби ҳунари Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, унвони фахриро ба Ҳошим Гадоев, ки 80-солагиашро ҷашн мегирад, шахсан Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуд.

Акс аз хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Гуфта мешавад, Ҳошим Гадоев зиёда аз 50 сол аст, ки дар рушду нумуи санъати тоҷик, офаридани асарҳои баландмазмун дар саҳнаҳои театр ва кино маҳбуби натанҳо мардуми тоҷик, балки дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ҳунарманди камназиру нотакрор муаррифӣ гардидааст.

Гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» устоди ҳунар, соҳибҷашн Ҳошим Гадоевро бо ин санаи фархунда самимона табрику таҳният гуфта, тани сиҳату хотири ҷамъ, умри дароз ва комёбиҳои нави эҷодӣ орзу мекунад!