Ҳукумати Тоҷикистон тағйироту иловаҳоро ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2017» таҳия ва ба баррасии палатаи поёнии парлумон ирсол намуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ дод, мутобиқи тағйироту иловаи пешниҳодшуда воридоти 1 таҷҳизоти универсалии ангиографӣ барои эҳтиёҷоти Вазорати тандурустии кишвар аз пардохти андоз ба арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
Дастрасии маълумот доир ба навъу модели таҷҳизот ва аз чӣ миқдор маблағ маҳрум шудани буҷети давлатӣ барои пардохт нашудани андозу боҷ муяссар нагардид.
Қобили зикр аст, ки таҷҳизоти ангиографӣ барои муоинаву ташхиси рагҳои хунгард, ошкор кардани осеби онҳо, масофаи зиёни рагҳо ва гирифтани сурат (рентген)-и ҷойҳои осебдида истифода мешавад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.