Дар остонаи фарорасии Иди Рамазон сокинони Тоҷикистонро гуфтугузорҳо дар бораи нияти аз ҷониби ҳукумат ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо дар ин ид ташвиш медиҳанд.
Ҳарчанд дар Кумитаи дин мегӯянд, ки ин танҳо як тавсия буда, баро роҳ надодан ба исрофкорӣ нигаронида шудааст, вале таҷриба гувоҳи он аст, ки бисёр вақт тавсияҳо тадриҷан ба манъи ғайрирасмӣ ва баъдан расмӣ мубаддал мегарданд.
Кумитаи дин исрор меварзад, ки доир ба оростани дастурхону идгардаки кӯдакон ҳеҷ маҳдудияте ҷорӣ нашуда, танҳо тавсия дода шудааст, ки ба зиёдаравӣ роҳ надода, кӯдакон бештар зери назорат қарор дошта бошанд.
Лекин нигарониҳо аз он бештар мешаванд, ки доир ба зарурати танзими идҳои мусулмонӣ худи шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар барномаи «Микрофони озод» изҳори назар карда, ҷонибдорони пешниҳоди «танзим» рӯз то рӯз зиёд мешавад.
Дар Кумитаи дин ҳадаф аз барномаи мазкурро огаҳӣ аз пешниҳоду тавсияҳои мардум дар мавриди ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимяҳои миллӣ дар ҶТ» унвон карданд.
«Ин як навъ баррасии ҷамъиятӣ буда, ҳар нафар дар ҷойҳои ҷамъиятӣ назди микрофонҳо омада, пешниҳоду тавсияи худро доир ба ин масъала баён карда метавонад, - гуфт сухангӯи Кумитаи дин Афшин Муқим. - Барнома ҳамарӯза дар ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизион намоиш дода мешавад».
Доир ба сабабҳои роҳандозии ин барнома, кай ва аз ҷониби кӣ то ба президент расонидани пешниҳоду тавсияҳои мардум ва дигар масоили марбут ба ин масъала аз маводи дар газетаи «Азия-Плюс» чопшуда, ки аллакай дар фурӯш аст, маълумоти муфассал дарёфт карда метавонед.