Тоҷикистон масъалаи имкони ба бозорҳои кории баъзе кишварҳои арабӣ фиристодани муҳоҷирон аз кишварро баррасӣ дорад.

Зимни нишасти хабарӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Сумангул Тағойзода дар ин робита изҳор намуд, ки бо ин мақсад имкони бозорҳои кори Кувейт, Қатар ва Амороти Муттаҳидаи Араб мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифта, дар ин самт бо ин кишварҳо лоиҳаҳои созишномаҳои дахлдор омода шудааст.

Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ, талаботи бозори кори Кореяи Ҷанубӣ низ омӯхта шуда, лоиҳаи санади дахлдор дар бораи ҳамкорӣ бо ин кишвар таҳия гардидааст.

Asia-Plus

Дар ҳамин ҳол, вазир қайд кард, ки ба кишварҳои тараққикардаи Осиё ва Аврупо фиристодани муҳоҷирон аз он ҷиҳат мушкилӣ дорад, ки ба ин кишварҳо асосан кормандони соҳибихтисос зарур буда, ҳамчунин надонистани забон низ мушкилӣ пеш меорад.

Тағойзода зикр кард, ки тавассути як ширкати ватанӣ барои дар Олмон бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Тоҷикистон имкон вуҷуд дорад.

Дар идома вазир гуфт, дар муқоиса бо соли пешин нимсолаи аввали соли равон муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон 21 фоиз кам шудааст.

“Аз оғози сол беш аз 242,7 ҳазор нафар тоҷикистониён ба муҳоҷирати корӣ рафтанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 66 ҳазор нафар камтар аст, - иброз дошт ӯ. - Ҳудуди 89 фоизи муҳоҷиронро мардон ва боқимондаро занон ташкил медиҳанд”.

Таъкид шуд, ки имсол 97,6 фоиз (237 ҳазор) аз шумори умумии муҳоҷирони тоҷик ба Русия ва 2,3 фоизашон (беш аз 5,7 ҳазор) ба Қазоқистон сафар кардаанд.

Зимнан зикр гардид, ки шумори умумии ба ватан баргаштагон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ беш аз 160 ҳазор нафарро ташкил додааст.

“Бо мусоидати намояндагии Вазорат оид ба муҳоҷират дар Русия дар ин давра ба муҳоҷирони кории тоҷик дар ҳаҷми 21 млн. 826 ҳазор рубл музди меҳнати нагирифтаашон аз ҷониби корфармоҳо пардохт карда шуд”, - афзуд Тағойзода.