Яке аз фаъолони ҷомеа Иззат Амон дар саҳифаи худ дар Фейсбук муроҷиат ба молики "Crocus Group" Араз Агаларовро нашр карда, дар он баргардонидани шиносномаҳои муҳоҷирони тоҷикро дархост намудааст.
Дар ин муроҷиатнома ӯ қайд кардааст, ки давоми солҳои 2015-2016 муҳоҷирон аз Тоҷикистон бо қарзи 5 млн. рубл аз бонкҳои Русия дар супермаркетҳои “Твой дом”-и мутааллиқ ба Агаларов шабакаи нонвойхонаҳоро сохта, ҳамагӣ баъди ним соли кор муовини Араз Агаларов аз онҳо хоҳиш кардааст, ки “хушӣ ба хушӣ” аз кор раванд.
Иззат Амон менависад, писари миллиардер Эмин Агаларов аз ин қазия ба хубӣ хабардор буда, шахсе бо номи Юсуф, сардори хадамоти амният ин муҳоҷиронро лату кӯб ва паси панҷара шинонидааст.
“Чандин маротиба ба дафтари кории шумо ҷиҳати вохӯрии шахсӣ омадам, вале маро роҳ надоданд. Ман баргардонидани пулҳои ғоратшударо дархост надорам ва баъди ин ҳодисаҳо ман акнун чунин мефаҳмам, ки дороиҳои худро шумо маҳз бо ҳамин васила ба даст овардаед”, - навиштааст Иззат Амон.
Дар идома қайд шудааст, ки шиносномаҳои ин муҳоҷирон дар дасти сардори хадамоти амният Юсуф аст ва ӯ омода аст, ки барои баргардонидани онҳо маблағ пардохт намояд.
“Хоҳиши зиёд дорам, ки шиносномаҳои муҳоҷирони бадбахтро баргардонед. Ман ба шумо ваъда медиҳам, ки баъди баргардонидани шиносномаҳо, онҳо аз Русия ғайб мезананд. Тамоми чизе, ки онҳо бунёд карданд, барои шумо ва муовинатон Дадашев боқӣ мемонад”, - изҳор доштааст Иззат Амон ва бо пешниҳоди робита бо ӯ рақами телефонашро пешниҳод кардаааст.
Иззат Амон қаблан роҳбари Иттифоқи ҷавонони тоҷик дар Русия буд. Айни замон дар ҳолатҳои ҷудогона муҳоҷирон барои ҳимоя аз ҳуқуқҳояшон ба ӯ муроҷиат мекунанд.
Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия дар ин робита қайд кардаанд, ки ин далел мавриди санҷиш қарор дошта, ояндаи наздик онро шарҳу тавзеҳ хоҳанд дод.