Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, Феҳрасти номҳои миллӣ аллакай чоп шуда, Фарҳанги номҳои миллӣ то ҷашни 26-солагии Истиқлолият пешниҳод мешавад.

Бино ба иттилои сомонаи tajikistantimes.tj, Шарофзода изҳор намудааст, ки дар Кумитаи тобеяш гуруҳи корӣ ташкил шудааст, ки ҳайати он ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон оид ба номгузории фарзандон ва дар феҳристи номҳои миллии тоҷикон набудани номи интихобнамудаи онҳо хулосаи худро пешниҳод мекунанд.

«Дар нимсолаи аввал аз ҷониби гуруҳи корӣ ба 26 муроҷиати шаҳрвандон оид ба номгузории фарзандонашон хулоса пешниҳод гардид, ки аз он ба ду муроҷиат посухи рад дода шудааст», - қайд кардааст ӯ.

Ба иттилои масъулини Кумита ду номи радшуда Асмоа ва Облоқул мебошанд: “Облоқул шакли шикастаи Аллоҳу Акбар мебошад, ки шакли талаффузи туркиро гирифтааст. Дигар Асмоа буд, ки аз нигоҳи маънӣ ҷамъи исмҳост, ки чандон ба меъёр мувофиқ набуд”.

Дар мавриди номҳои ғайримуқаррарӣ, аз ҷумла Ардвирасура, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс барангехт, Шарофзода ба мунаққидон маслиҳат дод, ки ба манобеи қадимии суғдию бохтарӣ муроҷиат кунанд, ки дар он Ардивасура номи яке аз фариштаҳост.