Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ фурӯш ва забҳи чорворо дар қаламрави пойтахт дар арафаи Иди Қурбон иҷозат дод. Замони раҳбарии раиси пешини пойтахт фурӯши чорво дар қаламрави шаҳри Душанбе қатъиян манъ гардида буд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе фурӯши чорвои майдаи шохдор таҳти назорати сохторҳои санитарӣ дар остонаи Иди Қурбон дар назди саллоххонаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе ва саллоххонаи ҶДММ «Ёвар-11» ташкил карда мешаванд.

Ҳамчунин фурӯши чорвои майда дар назди бинои ҶДММ «Комбинати гӯшту консерва»-и шаҳри Душанбе (ноҳияи Фирдавсӣ), дар назди ҶДММ «Ангара», воқеъ дар маҳаллаи Роҳи нав (ноҳияи Сино) ва дар назди Маҷмааи бойторӣ, воқеъ дар хиёбони хиёбони Ҳ.Шерозӣ (дар назди МБГ-2) роҳандозӣ мешаванд.

Рустами Эмомалӣ ба раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва  Раёсати назорати давлатии байторӣ дастур дод, ки бо ҷалби раисони маҳаллаҳои шаҳри Душанбе ҷойҳои муваққатии забҳи чорворо ташкил намоянд. Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар шаҳри Душанбе вазиафадор карда шуд, ки ҷиҳати пешгирии забҳи чорвои қурбонӣ дар ҷойҳои муқаррарнашуда чораҳои амалӣ андешад.

Ғайр аз ин, мувофиқи қарори раиси пойтахт, ба муносибати Иди Қурбон аз 26 август то 5 сентябр дар бозорҳои шаҳри Душанбе ярмарка-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешаванд. Дар ярмаркаҳо ба сокинони пойтахт маҳсулоти кишоварзӣ аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ пешкаш мешавад.