Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз тағйиру илова ба як қатор қонунҳои марбут ба соҳаи маорифро маъқул шуморид, ки мувофиқи он ба хонандагони мактабҳо ва донишҷӯён омадан ба дарс бо автомашина манъ мешавад.
Дар сурати риоя накардани муқаррароти ин қонун, хонандагону донишҷӯён аз муассисаи таълимӣ хориҷ шуда, дар муддати кӯтоҳ ба барқарор шудан дар таҳсил ҳуқуқ надоранд.
Зимни шарҳи тағйиру иловаҳо ба қонун вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид ба вакилон изҳор намуд, ки барои чунин қонуншиканӣ донишҷӯён аз макотиби олӣ ба муҳлати се сол ва толибилмони коллеҷу омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ ва мактабҳо ба муддати як сол аз муассисаҳо хориҷ карда мешаванд.
Вакили парлумон Саидҷаъфар Усмонзода аз вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, ки дар ҷаласа ҳузур дошт, дархост намуд, ки мавриди амал қарор гирифтани тағйиру иловаҳои мазкурр ҷиддӣ зери назорат гирад.
«Тағйиру иловаҳои қабулшуда ба донишҷӯён ҳозир шудан ба дарс бо автомашинаро манъ мекунанд, вале дар дигар ҳолатҳо мо ба донишҷӯён сари рули автомашина нишастанро манъ намекунем ва кормандони БДА бояд инро ба инобат гиранд», - иброз дошт вакил.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Корейское SPA для волос: секрет популярности и лучшие места в Душанбе
Reuters: США пригрозили закрыть Украине доступ к Starlink
Таджикский велогонщик выиграл две медали на чемпионате Азии-2025
Таджикистанка прошла в финал международной премии Women Changing the World Awards
В армии Узбекистана появится подразделение по борьбе с дронами и кибервойска
Депортированных из США граждан Центральной Азии отправили в Коста-Рику
Душанбинский гарнизон показал свою мощь президенту
Куда Таджикистан хотел летать и куда летает на самом деле?
Почему Трамп отвернулся от Украины и Европы и сблизился с Путиным?
Трамп заявил, что присутствие Зеленского на переговорах не столь важно
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста