Ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон - “Ӯзбекистон ҳаво йӯллари” ҷадвали парвозро ба хатсайри самти Тошканд - Душанбе - Тошканд тағйир дод.
«Парвози ҳавопаймоҳо тариқи ин хатсайр аз 2 то 30 сентябри соли равон рӯзҳои шанбеи ҳафта тариқи ҳавопаймои бароҳату муосири тамғаи А320 анҷом дода мешавад», - зикр мегардад дар хабари сомонаи ширкат.
Ёдрас мекунем, ки парвози нахустин тариқи ин хатсайр санаи 11 апрели соли равон сурат гирифта, ширкати ӯзбекистонӣ ҳафтае ду маротиба - рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа ин парвозҳоро анҷом медод, вале баъдан танҳо як парвоз рӯзи сешанбе сурат мегирифт.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода сабаби камшавии шумори парвозҳо тавассути ин хатсайрро кам будани мусофирон унвон кард ва қаблан дар худи ширкати ҳавопаймоӣ низ ҳамин сабабро зикр карда буданд.
Парвозҳо аз ҷониби Тоҷикистонро бояд ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба анҷом мерасонид, вале ҳоло ин парвозҳо оғоз нагардидааст.
«Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон ба анҷоми парвозҳо омодагӣ гирифта, ба корҳои сабти намояндагии худ дар Тошканд машғул аст ва агар талаботи кофии мусофирон пайдо шавад, шояд ширкат ба анҷоми парвозҳо оғоз намояд», - гуфта буд вазир.
Қобили зикр аст, ки арзиши билет ба самти Тошканд 140 долларро ташкил медиҳад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.