Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров дар робита ба қарори вазири маориф доир ба санаи 1 сентябр ба дарс ҳозир шудани хонандагони мактабҳову донишҷӯён изҳорот пахш намуд.
Ба андешаи Зойиров, ин мустақиман поймол кардани қонун аст. Ӯ аз вазири маориф даъват кард, ки қонунро риоя намуда, бо дархости ба дигар рӯз гузаронидани Иди Қурбон муроҷиат намояд ё қарори ғайриқонунии худро бекор созад.
Дар изҳороти Зойиров дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук қайд мешавад, ки мақомоти салоҳиятдор эълон карданд, ки имсол Иди Қурбон санаи 1 сентябр ҷашн гирифта мешавад, аз ин рӯ, иҷрои қонун зарур аст, чунки мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон Иди Қурбон рӯзи истироҳат аст.
«Қарори 1 сентябрро рӯзи дарсӣ эълон кардани Вазорати маориф мустақиман нақз ва нодида гирифтани қонун дар бораи рӯзҳои ид ва истироҳат, ҳуқуқи шаҳрвандон ба истироҳат ва озодии виҷдон мутобиқи қонунгузорӣ аст, - менависад ӯ. - Агар барои Вазорати маориф гузаронидани рӯзи 1 сентябр ҳамчунин Рӯзи дониш зарур бошад, пас аввал мебоист бо мақомоти дахлдор ба рӯзи дигар гузаронидани Иди Қурбонро мувофиқа мекард».
Ба қавли ҳуқуқшинос Зойиров танҳо ду роҳи риоя ва иҷрои қонун мавҷуд аст - ҷашни Иди Қурбонро ба рӯзи дигар гузаронидан ё бекор кардани қарори худ, ки ғайриқонунӣ буда, ҳуқуқҳои шаҳрвандонро поймол месозад.