Бори нахуст 30 нафар омӯзгорони фанҳои забони русӣ, химия, физика, математика, биология ва информатика аз Русия ба Тоҷикистон омаданд, ки муддати 1 сол ба толибилмони тоҷик дарс хоҳанд гуфт.
Омӯзгорон аз минтақаҳои гуногун - вилоятҳои Кострома, Кемерово, Бошқирдистон, Доғистон ва Тотористон мебошанд.
- Ман аз Доғистонам, омӯзгори фанни математика ва мехоҳам, ки чизеро дар ҳаёт барои худ тағйир диҳам, вале ҳис мекунам, ки на он қадр муяссар хоҳад шуд, зеро тоҷикон ба халқи ман монанданд. Тоҷикистон низ минтақаи кӯҳсор аст ва расму оину рӯҳияи ин мардумро ман хуб мефаҳмам. Дар ҳавопаймо низ гумон карданд, ки ман тоҷикам», - иброз дошт ба «Азия-Плюс» Фотима Саидова, ки дар шаҳри Махачқалъа 22 сол собиқаи кори омӯзгорӣ дорад ва дар гимназияи №5-и пойтахт ба кор шурӯъ мекунад.
Муаллимаи фанни информатика Татяна Свалетская, ки ӯро дар фурудгоҳ дӯстонаш пешвоз гирифтанд, зикр кард, ки, дар Душанбе зода шудаву ба воя расидааст ва баъди хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №3-и пойтахт омӯзгорӣ кардааст.
«Аммо бо оғози рӯйдодҳои фоҷеабори солҳои 90-ум оилаи мо соли 1993 Тоҷикистонро тарк карда, аз он вақт ман дигар дар Тоҷикистон набудам, ҳарчанд ин ҷо дӯстону шиносҳои хеле хубу наздик дорам, ки тӯли ин солҳо мудом бо онҳо робита доштам», - қайд кард ӯ.
Татяна Свалетская ҳамчунин гуфт, зимни муаррифии Тоҷикистон барои омӯзгорон дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав бисёре аз мавзеъҳову иншооти нави сохташударо нашинохтааст ва ба назараш Душанбе боз ҳам зеботар шуда, мехоҳад барои ватанаш, ки ба ӯ аз он бисёр некиҳо расидааст, як кори хубе карда, арзи сипос намояд.
Қобили зикр аст, ки чанде аз омӯзгорон ҳамроҳи оилаҳои худ ба Тоҷикистон омадаанд. Онҳоро дар фурудгоҳ натанҳо шахсони расмӣ, балки дӯстону рӯзноманигорон низ самимиона пешвоз гирифтанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
10 самых неочевидных вопросов, которые могут возникнуть у постящихся в месяц Рамазан
Гафур Шерматов выпустил книгу о выдающихся людях, похороненных на православном кладбище в Душанбе
Какую погоду ожидать в Таджикистане 8 марта?
Таджикистан в списке «худших» по уровню свободы и прав
ФАО поможет таджикистанцам бороться с лишним весом
«Оскар-2025»: Фильм «Анора» забрал пять статуэток, став главным триумфатором премии
Спикер «Талибана» назвал «дезинформацией» слова Трампа о контроле Китая над авиабазой Баграм
Власти Душанбе усилили контроль за ценами на продукты в месяц Рамазан
Сияние высокой звезды. К 85-летию академика Бахрома Сирожева
В Таджикистане объявлен конкурс на президентские гранты для ремесленников
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста