Ҳукуматдорони пойтахт барои куштанаи чорво дар Иди Қурбон ҷойҳои махсус муқаррар кардаанд. Қонуншиканон аз 8 то 16 ҳазор сомонӣ ҷарима мешаванд.
Дар маҳалла ва назди раёсатҳои хоҷагии манзили коммуналӣ доир ба манъи забҳи чорво назди биноҳои истиқоматӣ эълон овехта шудааст.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/244061/%D0%B7%D0%B0%D0%B1%D0%BE%D0%B9.jpg)
“Барои забҳи чорво дар шаҳри Душанбе 93 ҷой муқаррар шудаааст, аз ҷумла дар ноҳияи Исомили Сомонӣ - 20 ҷой, ноҳияи Шоҳмансур - 17, Фирдавсӣ - 15 ва дар ноҳияи Сино - 41 ҷой муқаррар шудааст”, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдории Душанбе.
Суроғаи ҷойҳои забҳи чорворо сокинони Душанбе аз раёсатҳои истифодабарии манзили хонаҳояшон ё аз маъмурияти ноҳия дарёфт карда метавонанд.
Қаблан мақомоти шаҳрдории пойтахт овозаҳо дар бораи ҳисоботи шахсони нияти қурбонӣ кардани дошта назди комиссияи махсусро, ки қисмате аз гӯшти чорвои қурбонишударо бояд ба хонаи кӯдакону пиронсолон ё интернат диҳанд, низ рад карданд.
“Ҳар касе мувофиқи хоҳишаш қисмате аз гӯштро метавонад ба хонаҳои кӯдакон диҳад. Ҳеҷ гуна комиссияи махсусе нахоҳад буд, ба ин кор касеро маҷбур нахоҳанд кард”, - гуфтанд дар мақомоти шаҳрдорӣ.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.