Дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахти ҷумҳурӣ корти ягона амал хоҳад кард, ки тариқи он пардохти роҳкиро дар автобусу троллейбусҳо имконпазир мегардад.
Улуғбек Каримов, директори лоиҳаи Citycard ба журналистон изҳор намуд, ки айни замон дастгоҳҳои сабти кортҳо (валидаторҳо) дар 60 автобусу тролеейбусҳое, ки дар маркази пойтахт равуо доранд, насб шуда, дар марҳилаи дуюм чунин дастгоҳҳо боз дар 180 автобусу троллейбусҳои дигар гузошта мешаванд.
Ба гуфтаи ӯ, барои насби танҳо 1 валидатор 350 долллар харҷ шуда, лекин дар ин маблағ таҷҳизоти дигари зарурӣ барои дар як вақт анҷом пазируфтан (синхронизатсия)-и пардохт бо низомҳои бонкӣ ба инобат гирифта нашудааст. Дар бораи арзиши умумии амалисозии лоиҳа Каримов маълумот надода, танҳо иброз дошт, ки ин таҷҳизот аз Беларус, Олмон ва Таиланд оварда шудааст.
Ба гуфтаи муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Қурбон Саидзода, корҳои насбу танзими таҷҳизот ва таҳияи кортҳои электронӣ дар доираи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ аз ҳисоби ҶДММ «Авесто» анҷом дода мешавад.
Қабл аз роҳандозии амали корти ягонаи нақлиётӣ, дар Душанбе нуқтаҳои фурӯши Citycard гузошта мешаванд.
«Алҳол 60-то чунин нуқтаи махсуси фурӯш ташкил хоҳад шуд, ки тариқи онҳо дар истгоҳ метавон корт харидорӣ намуд. Соҳиби корт маблағи онро бо ёрии телефон ё терминали махсус зиёд карда метавонад. Сайёҳон аз ронанда ё назоратчӣ барои равуои якдафъаина ё седафъаина корт харида метавонанд. То пурра ҷорӣ шудани низом, мо аз назоратчиён даст намекашем. Ғайр аз ин, дар марҳилаи аввал онҳо ба мусофирон тарзи истифодаи кортҳоро меомӯзонанд», - иттилоъ дод Улуғбек Каримов.
Номбурда изҳор намуд, ки дар нақлиёти ҷамъиятӣ турникетҳои махсус ё назоратчӣ нахоҳад буд. «Ҳамааш ба инсофу виҷдони худи мусофирон вогузор мешавад, лекин комиссияи тафтишотии назоратӣ амал хоҳад кард, ки мусофиронро месанҷад ва касоне, ки роҳкиро пардохт намекунанд, ҷаримабандӣ мешаванд», - гуфт ӯ.
Таҳиягарони лоиҳа мегӯянд, шаш тарифи гуногуни корти ягонаи нақлиётӣ амал карда, мусофир дилхоҳ тарифи барояш қулай ва бароҳатро интихоб мекунад ва ҳамаи ин ҳоло мавриди коркарду таҳия қарор дорад.
«Гузаштан ба низоми автоматии пардохт ва назорати роҳкиро дар нақлиёти мусофирбари пойтахт дар се марҳида амалӣ шуда, алҳол марҳилаи аввал ба итмом расид. Марҳилаи дуюм мавриди коркарду таҳия қарор дошта, анҷоми марҳилаи сеюм охири сол дар назар аст», - афзуд Қурбон Саидзода.
Мақомоти шаҳрдорӣ барои нафақахӯрон ва афроди дорои имкониятҳои маҳдуд ҷорӣ кардани кортҳои имтиёзнокро дар назар дорад.
Ба саволи журналистон дар бораи Citycard номгузорӣ шудани корт ва аз номи «Корти шаҳрӣ» даст кашидан, Улуғбек Каримов шарҳ дод, ки ин барои меҳмонони хориҷӣ осонтар мешавад.
«Дар Тоҷикистон Кумитаи алоҳидаи рушди сайёҳӣ таъсис ёфта, минбаъд ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон ба кишвар ба нақша гирифта шудааст ва мутаносибан ҷорӣ кардани калимаи хориҷӣ мувофиқи мақсад мебошад, то ки ба меҳмонон фаҳмотар бошад», - афзуд директори лоиҳа.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Компании из Центральной Азии включены в списки антироссийских санкций со стороны Британии и ЕС
В Исфаре задержан вымогатель, угрожавший публикацией компрометирующих фото
Селекционеры Таджикистана вывели пшеницу, дающую два урожая в год
В Узбекистане задержаны члены семьи, перевозившей наркотики из Таджикистана
Президент провел заседание Совета безопасности Таджикистана
Макрон допустил, что перемирие в российско-украинской войне может наступить в ближайшие недели
Война в цифрах. Как изменились население и экономика Украины за три года конфликта
В Таджикистане объявлена дата начала священного месяца Рамазан
В Таджикистане возведут самый длинный автомобильный мост в Центральной Азии
АБР продолжит поддерживать Таджикистан в строительстве Рогунской ГЭС
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста