Ширкатҳои алоқаи мобилии Тоҷикистон бо дархости ирсоли смс-паёмакҳо ба муштариён бо даъвати эҳтироми сарулибоси миллӣ аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон нома гирифтаанд.
Кумитаи аз ширкатҳо дархост кардааст, ки бо чунин мазмунҳо ба муштариён паёмак фиристанд: "Риояи либоси миллӣ ҳатмист", "Либоси миллиро эҳтиром кунед" ва "Биёед, либоси миллиро анъана табдил диҳем".
Дар чанде аз ширкатҳои алоқаи мобилӣ ба «Азия-Плюс» расидани чунин номаро тасдиқ намуда, изҳор доштанд, ки алҳол намедонанд ба ин чӣ гуна муносибат кунанд. «Вазифаи мо таъмини алоқаи одамон, итиилоърасонӣ ба онҳост, вале дар ин ҳолат чӣ гуна мешавад, алҳол ҳал нашудааст», - гуфтанд дар яке аз ширкатҳо.
Намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оила Акмал Олимшоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дод, ки ба ин васила Кумита ба маъракаи таблиғи пӯшидани сарулибоси миллӣ тақвият бахшиданист.
Дар Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ зикр карданд, ки тарҳҳои сарулибоси миллӣ барои хизматчиёни давлатӣ омода ва ояндаи наздик пешниҳод гардида, баъди мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор дар сомонаи Вазорат нашр мешавад.
Ёдрас мекунем, ки дар яке аз бандҳои қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҳифзу эҳтироми ҳатмии сарулибоси миллӣ дар тӯй ва маъракаҳо зикр мегардад, вале дар таҳрири нави қонун ба сарулибоси рӯзмарра ҳам дахл доштани он дарҷ наёфтааст.
Дар даъватномаҳои пеш аз тӯйи издивоҷ, ки навхонадорон пеш аз сабти ақди никоҳ мегиранд, аллакай гуфта мешавад, ки ба занону духтарон бо сатр ба идораи САҲШ (ЗАГС) даромадан манъ буда, шумори автомашинаҳои тӯй набояд аз 4 адад зиёд бошад.