Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе шоми 7 сентябр машқи ниҳоии чорабинии идона бахшида ба ҷашни Рӯзи истиқлолият доир гардид.

Ин машқҳо муддати қариб як моҳ идома ёфта, ба он ҳазорон донишҷӯёну хонандагони мактабҳо ҷалб шудаанд. Ин барномаи идона санаи 9 сентябр намоиш дода мешавад.

1/18

Қобили зикр аст, ки бархе аз донишҷӯёне, ки дар пойтахт таҳсил мекунанд, аз иштирок дар ин чорабинӣ чандон розӣ набуда, баръакс боз донишҷӯёне ҳастанд, ки ҳузур дар чорабиниро аз нишастан дар аудиторияҳо афзалтар медонанд. Онҳо мегӯянд, аллакай муяссарашон шудааст, ки бо чанде аз ситораҳои санъату ҳунар аксбардорӣ намоянд. Сарбозони як қисми низомии Қӯрғонтеппа бошанд, комилан из иштирокашон хушҳоланд.

Ба қавли дастандаркорони чорабинӣ, ба донишҷӯёну хонандагон барои иштирок дар барномаи идона як қатор имтиёзҳо дода мешавад, аз қабили иқомати бепул дар хобгоҳ барои донишҷӯёни берун аз шаҳр, супурдани имтиҳонҳо дар шакли осонтар, ба хонандагони мактабҳо бепул тақсим кардани китобҳои дарсӣ ва ғайра.