Дар қонунгузории Тоҷикистон барои ба бар кардани сарулибоси бегона ҷарима пешбинӣ нашудааст.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз парлумони Тоҷикистон дар ин робита изҳор намуданд, амали бархе аз намояндагони ҳокимяти давлатӣ, ки имрӯз ба занон барои пӯшидани ҳиҷоб бо ҷаримаи калон таҳдид мекунанд, ғайриқонунӣ аст.
Мувофиқи меъёрҳои охири моҳи август қабулшуда ба қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон», шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ҷиҳати эҳтиром гузоштан ба асосҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва либоси миллӣ, ҳамчунин ҳимояи онҳо аз таъсири падидаҳои муосири манфӣ уҳдадор мешаванд.
«Меъёри мазкур шаҳрвандонро ба риояи ин талабот уҳдадор мекунад, вале барои риоя накардани онҳо дар қонунгузорӣ ҷарима пешбинӣ нашудааст», - хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлумон.
Ба гуфтаи ӯ, рафтори бархе аз намояндагони ҳокимияти давлатӣ, ки ба занон барои пӯшидани ҳиҷоб ё шимҳои ҷинси дарида бо ҷаримаи зиёд таҳдид мекунанд, ғайриқонунӣ мебошад.
Номбурда таъкид дошт, ки худи намояндагони ҳокимият бояд байни мафҳуми «уҳдадорӣ» ва «масъулият» фарқ гузоранд, зеро барои уҳдадорӣ ҷарима пешбинӣ намешавад.
«Замони шӯравӣ моро ба дӯст доштани Ватан даъват мекарданд, вале ин танҳо даъвати ватандӯстӣ буд, касеро барои кам дӯст доштани ватан ҷарима намекарданд»,- таъкид дошт намояндаи парлумон.
Зимнан зикр гардид, ки ҷаримаҳои дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пешбинишуда танҳо ба меъёрҳои манъшудаи қонуни танзими анъана дахл доранд.
«Агар қонунгузорӣ дар мавриди маросими тӯйу азодорӣ ё дигар чорабиниҳо риоя нашуда бошад, ҷарима пешбинӣ шудааст, вале дар қонун манъи пӯшидани ягон либос вуҷуд надорад, аз ин рӯ ба ҷаримабандӣ барои ҳиҷобпӯшӣ касе ҳуқуқ надорад», - афзуд манбаъ.