Маросими тантанавии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон санаи 10 октябр дар Театри давлатии акдемии ба номи Алишер Навоӣ дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар кишвари ҳамсоя то 14 октябр идома ёфта, ин дафъа намояндагон ва ҳунармандони ҷумҳурӣ танҳо дар толорҳои шаҳри Тошканд ҳунарнамоӣ мекунанд. Ҳунарнамоии намояндагони Тоҷикистон дар минтақаҳои дигари Ӯзбекистон ба нақша гирифта нашудааст.

Зимнан зикр гардид, ки рӯйхати ҳайати Тоҷикистон, ки фарҳанги мардуми ҷумҳуриро дар ҳамсоякишвар муаррифӣ мекунад, алҳол мавриди мувофиқа қарор дорад.

Қобили зикр аст, ки Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон бори охир соли 1997 баргузор шуда буданд.

Моҳи майи соли равон бори нахуст дар таърихи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон доир гардиданд. Ҳайати кишвари ҳамсоя аз 55 нафар ҳунармандон иборат буд, ки миёни онҳо Ҳунармандони халқии Ӯзбекистон - Ғуломҷон Ёқубов ва Маҳмуд Намозов, Ҳунарманди шоистаи ин кишвар - Собирҷон Муминов, сароянда Севинҷ Муминова, ҷоизадорони мукофотҳо «Ниҳол» ва ансамбли давлатии таронаву рақси «Ӯзбекистон» ҳузур доштанд.

Дар ҳошияи ин чорабинӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Турсунзода барномаҳои консертии ҳунармандони ӯзбек баргузор шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.