Бо иштироки раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат боз як қатор иншооти нави замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар бурриши кӯчаи Моёншо Назаршоев ва Аҳмади Дониши ноҳияи Шоҳмансур пас аз азнавсозӣ пули роҳи оҳан ва автомобилгард ба истифода дода шуд. Маблағи умумии лоиҳа беш аз як миллиону чорсад ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Тибқи лоиҳаи азнавсозии пули мазкур, ду ҷониби роҳ бо панҷараҳои мунаққаш панҷарабандӣ гардидааст. Тамоми қисмҳои ороишии пул бо чароғакҳо зиннат дода шудаанд, ки шабона ба он намуди басе зебову дилоро зам менамояд.
Бо иштироки Рустами Эмомалӣ ҳамчунин гулгашти назди Истгоҳи Роҳи оҳан то маҷмааи меъмории муҷассамаи Садриддин Айнӣ, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Гулгашти мазкур аз ҷониби КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» пурра азнавсозӣ гардида, он дар масоҳати наздики 14 ҳазор метри мураббаъ доман паҳн кардааст. Маблағи умумии лоиҳа 7,8 миллон сомониро дар бар мегирад. Дар доираи корҳои азнавсозӣ, гулгашти мазкур комилан бозсозӣ шуда, дар ҳудуди он иншооти гуногуни хизматрасонӣ, истироҳатӣ ва фарҳангию фароғатӣ бунёд ёфтаанд.
Дар ҳудуди гулгашт фавораҳои ҳаракаткунандаи мусиқавӣ бо таҷҳизоти равшанидиҳанда сохта шудаанд. 4 фаввора, ки қаблан дар ҳолат ногувор қарор доштанд, таҷдид ёфта, пурра аз сангҳои мармар ва хоро дар масоҳати 1350 метри мураббаъ ороиш дода шудаанд.