Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки тарифҳои энергияи гармидиҳӣ аз 1 октябр ба андозаи 15% боло бурда шавад. Дар ин бора қарори дахлдори ҳукумат ба имзо расидааст.
Мувофиқи муқаррароти ин санад, барои харидорони яклухти энергияи гармидиҳӣ, ки аҳолиро бо он таъмин мекунанд, ба ҷойи 6,64 сомонии пешина пардохти 7,63 сомонӣ ба ҳар як Гкал энергияи гармидиҳӣ пешниҳод шудааст.
Барои муассиса ва мақомоти идоракунии соҳаи буҷетӣ болоравии тарифҳо аз 51 то ба 58,65 сомонӣ (15%) ва дигар харидорон - аз 193,6 то ба 225,74 сомонӣ (14,9%) барои ҳар як Гкал пешбинӣ гардидааст.
Ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар ҳамдастӣ бо ширкати «Барқи тоҷик» дастур дода шудааст, ки нархномаи навро таҳия ва онро аз 1 октябри соли равон мавриди амал қарор диҳанд.
Қобили зикр аст, ки сокинони пойтахтро бо энергияи гармидиҳӣ корхонаи «Шабакаи гармидиҳӣ» таъмин мекунад, ки дар навбати худ ин энергияро аз корхонаҳои зертобеи ширкати «Барқи тоҷик» харидорӣ мекунад.
Дар мавсими гармидиҳии соли гузашта аҳолӣ ба корхонаи «Шабакаи гармидиҳӣ» барои гармидиҳии 1 метри мураббаъи манзил дар як моҳ 1,03 сомонӣ пардохт мекард. Нархи имсола барои сокинони пойтахт алҳол маълум нест.
Дар Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки нархи ниҳоии энергияи гармӣ алҳол муқаррар нашудааст.
Дар сурати болоравии тарифҳо дар ҳаҷми аз ҷониби ҳукумат пешниҳодгардида аҳолиро лозим меояд, ки барои ҳар як метри мураббаъи манзил дар як моҳ 1,18 сомонӣ пардохт кунад.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», айни замон корҳои омодагирии Марказҳои барқу гармидиҳии пойтахт ба мавсим босуръат ҷараён дорад. Дар марказҳо 700 ҳазор тонна ангишт ва 2731 тонна мазути камсулфур захира карда шуда, кашондани ангишт бо маром идома ва ҳамарӯза тавассути мошинҳои ширкат то 4 ҳазор тонна ангишт вориди анбор мешавад.
Ба иттилои манбаъ, дар МБГ-1, ки яке аз иншоотҳои муҳим ба шумор рафта, навбати аввали он соли 1958 ва навбати дуюмаш соли 1963 ба истифодабарӣ дода шудаанд, дар мавсими тирамоҳу зимистон то 20 МВт нерӯи барқ ва то 50 Г.кал гармӣ истеҳсол карда мешуд. Имсол иқтидори истеҳсолии он зиёд карда шуда, барқкорон ният доранд то 50 МВт нерӯи барқ ва то 90 Г.кал гармӣ истеҳсол намоянд. Ҳоло таъмири асосии чор деги буғи корхона бо ҷалби мутахассисони ҶДММ «Казремэнерго» идома дорад.
Қобили зикр аст, ки иқтидори МБГ-2-и Душанбе, ки соли 2015 ба истифода дода шуд, 400 МВт нерӯи барқ ва 235,46 Гкал гармиро ташкил медиҳад. Дар мавсими тирамоҳу зимистони гузашта аз тарафи марказҳои барқу гармии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо дегхонаҳои шарқиву ғарбӣ 871,3 миллион кВт.соат нерӯи барқ ва 376 ҳазор Г.кал гармӣ истеҳсол шуд.
Мавсими гармидиҳӣ дар Душанбе ҳамасола аз нимаи моҳи ноябр оғоз гардида, то нимаи моҳи марти соли оянда идома меёбад. Соли гузашта дар робита ба барвақт фарорасии сардиҳо, интиқоли гармӣ ба қисмати марказии шаҳр охири моҳи октябр шурӯъ шуд. Мавсими гармидиҳии соли гузашта дар пойтахт аввали моҳи марти имсол ба итмом расид.