Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо мақсади ба танзим даровардани сарулибоси ягонаи тиббии кормандони муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон либоси ягонаи кормандони ин ниҳодро тасдиқ намуд.

Дар сомонаи Вазорат дар ин робита хотиррасон мешавад, ки иқдоми мазкур дар  асоси супориши протоколи ҷаласаи машваратии назди Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Адуҷаббор Раҳмонзода,  тибқи банди 10-и Низомномаи Вазорат, ки бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шудааст, роҳандозӣ гардид.

Гуфта мешавад, дар асоси ин иқдом сардорони раёсатҳои тандурустии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, ректорон ва директорони муассисаҳои давлатии таълимии тиббӣ, директорони пажӯҳишгоҳҳо ва муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, сартабибони беморхонаҳои марказии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ вазифадор гардиданд, ки  кормандони худро бо либосҳои ягонаи тиббии тасдиқгардида таъмин намоянд.

Зимнан зикр мегардад, ки иҷрои супориши мазкур зери назорати қатъии роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон қарор дорад.