Вазорати корҳои дохилии Русия бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ дар мавриди мансубияташон ба шахсони ҳуқуқиро бекор карданист.
Хабаргузории ТАСС менависад, мувофиқи лоиҳаи тағйирот, минбаъд ба шаҳрвандони хориҷӣ бақайдгирӣ дар макони будубош лозим мешавад.
Ба ақидаи ҳуқуқшиносон, айни замон дар қонунгузорӣ дар ин самт номуайянии ҳуқуқӣ вуҷуд дошта, маълум нест, ки мушаххасан кӣ бояд ба сифати қабулкунанда бошад: шахсе, ки шаҳрванди хориҷӣ воқеъан назди ӯ зиндагӣ мекунад ё касе, ки назди ӯ шаҳрванди хориҷӣ кор мекунад. Мутаносибан киро дар сурати қонуншиканӣ ба ҷавобгарӣ кашидан ҳам маълум нест.
Ғайр аз ин, тағйирот ба қонун боз як нофаҳмии марбут ба айни замон дар макони будубош сабт нашудани муҳоҷиронро, ки ба ҷуз баъзе ҳолатҳо барои нақзи қонуншикании муҳоҷират масъулият надоранд, бартараф мекунад.
Ёдрас мекунем, ки айни замон шаҳрвандони Тоҷикистон дар муддати 15 рӯз аз замони вуруд ба Русия уҳдадоранд, ки худро ба қайд гузоранд.