Директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ мавҷуд будани ҳуҷҷати махсусеро, ки мувофиқи он агентӣ дар навбати аввал аз сохторҳои ҳукуматӣ маълумотро дастрас мекунад, рад кард.

«Дар ҳеҷ як санади қонунгузории кишвари мо ҳеҷ кадом имтиёзе зикр нашудааст, аз рӯи ҳуқуқ ва уҳдадориҳо ВАО-и давлатӣ аз ғайридавлатӣ ҷудо карда нашудааст», - гуфтааст ӯ дар мусоҳиба ба хабаргузории «Казинформ»-и Қазоқистон.

Дар ҳамин ҳол, ӯ эътироф мекунад, ки сохторҳои давлатӣ пеш аз ҳама бо «Ховар» кор мекунанд. «Мо ягона агентии иттилоотии давлатӣ дар кишвар мебошем, ки аз ҳисоби буҷети давлат маблағгузорӣ мешавад ва ин аллакай мақоми хос аст. Боз 6 агентии хусусии дигар фаъолият доранд. Табиист, ки мақомоти давлату ҳукумат пеш аз ҳама бо мо кор мекунанд», - иброз доштааст директори агентӣ.

Қобили зикр аст, ки ахиран намояндагони ВАО-и мустақили Тоҷикистон, ки фаъолияти мақомоти давлатиро инъикос мекунанд, ба баъзе мушкилоти дастрасӣ ба маълумот аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ дучор шудаанд.

Тобистони соли 2015 зикр гардида буд, ки минбаъд васоити ахбори умуми мустақили Тоҷикистон маълумоти расмиро танҳо бо истинод ба агентии иттилоотии давлатии «Ховар» мунташир карда метавонанд.

«Ба ин гуна иттилоот ҳама хабарҳои расмӣ, маълумот дар бораи ҷаласаҳои ҳукумат, сафарҳои кории президент дар дохил ва хориҷи кишвар, вохӯриҳо ва дигар чорабиниҳои сатҳи байнулмилалӣ низ дар дохилу хориҷи кишвар дохил мешаванд»,- қайд шуда буд дар пртоколи ҷаласаи ҳукумат бо имзои Президент Эмомалӣ Раҳмон.

Зимни шарҳи ин маълумот раиси Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) Нуриддин Қаршибоев изҳор намуда буд, ки мувофиқи маълумоте, ки ӯ дар ин бора дорад, аз ин хусус ҳеҷ супорише «аз боло» вуҷуд надорад. «Роҳбари нави АМИТ «Ховар» Заробиддин Қосимӣ (аллакай собиқ директор) аз намояндагони сохторҳои ҳукуматӣ дархост кардааст, ки дар навбати аввал маълумотро ба «Ховар» диҳанд, вале ин дархостро мансабдорони мо ба таври худ фаҳмиданд», - гуфта буд Қаршибоев.

Ба қавли ӯ, сарфи назар аз шакли моликият, қонунгузории ҷумҳурӣ ба дастрасии маълумот ба намояндагони ВАО-и Точикистон ҳуқуқи баробар медиҳад.

Коршинос Шокирҷон Ҳакимов дар ин робита қайд карда буд, ки «протоколи баимзорасида аз ҷониби ҳукумат оид ба минбаъд дастрасии журналистон ба маълумоти расмӣ тариқи агентии «Ховар» мухолифи қонунгузории ҷумҳурӣ аст».

Дар навбати худ Раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов чунин ибрози назар карда буд:

«Ин фоҷеа нест, зеро мо қаблан ҳам аз маълумоти сомонаи президент ё дигар мақомоти давлатӣ истифода мекардем. Аммо ба ин нукта бояд таваҷҷуҳ зоҳир намуд, ки дар кадом ҳолатҳо журналист метавонад ба мақомоти давлатӣ муроҷиат намояд? Мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон дар бораи ВАО, сарфи назар аз кадом корхонаву ташкилотро намояндагӣ кардани журналист,ҳамаи мақомоти давлатӣ ва роҳбарони он ба пешниҳоди маълумот ба дархости журналист оид ба фаъолияти сохтори худ уҳдадоранд. Қонун бояд аз ҳама болотар бошад ва ба ҳеҷ кас озодии суханро манъ карда наметавонад».

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.