Сокинони кӯчаи Ғанӣ Абдулло (собиқ Пионерская)-и пойтахт аз он изҳори нигаронӣ доранд, ки хонаҳои онҳоро бидуни мувофиқа бо як қатор шартҳо мекӯчонанд.
Дар ин маҳалла замоне шахсиятҳои маъруфи кишвар Нусратулло Махсум, Мирсаид Миршакар, Ғанӣ Абдулло, Суҳроб Қурбонов, Муҳаммад Осимӣ, Султон Эргашев, Ҳанифа Мавлонова, Боқӣ Раҳимзода ва имрӯз низ ҳунармандони шинохта Марат Орифов ва Мушаррафа Қосимов зиндагӣ доранд.
Сокинони гузаргоҳи якуми кӯчаи ба номи ҒанӣАбдулло (феълан Ҳанифа Мавлонова), ки дар қафои собиқ кинотеатри «8 март» ҷойгир аст, бо намояндагони мақомоти шаҳрдорӣ вохӯрда, он дар назди хонаи баландошёнаи нав, паҳлӯи роҳ дар хиёбони Рӯдакӣ баргузор шуд. Сокинон аз шароитҳои пешниҳодшуда розӣ нестанд.
«Ба мо хонаҳоро нишон доданд. Онҳо калону таъмиршудаанд, лекин наметавон гуфт, ки ҳамааш хуб аст, камбудиҳо ҷой доранд, - мегӯянд сокинони кӯчаи Пионерский. - Моро чизи дигар ташвиш медиҳад, чаро пеш аз зимистон онҳо моро мекӯчонанд, чаро вақте кӯчонидани хонаҳо оғоз мегардад, ҳамааш бо риоя накардани қонунгузорӣ сурат мегирад. Ҳеҷ касе мушаххасан ба мо нафаҳмонидааст, ки кай кӯчонидан оғоз мегардад, чӣ қадар маблағ барои хонаҳои мо пардохт карданианд».
Онҳо мегӯянд, ду сол пеш ба онҳо бо имзои раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ бидуни муҳру сана коғазҳое расидааст, ки дар он ба шаҳрдорӣ пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои хона ва хотиррасон намудани худдорӣ аз сохтмони иловагӣ ва таъмир дар хонаҳо огоҳ карда мешуд, «вале имрӯз омада мегӯянд, як моҳ муҳлат, ҳама чизатонро бароред».
«Ба мо мегӯянд, ки барои як метри мураббаъи хонаатон 800 доллар пардохт мекунем, агар ба пул розӣ набошед, аз рӯи метри мураббаъи хонаамон ба мо манзили дуҳуҷрагӣ медиҳанд, - мегӯяд сокини кӯча. - Ҳамроҳи мо дар хонаамон боз ду писарам бо оилаашон зиндагӣ мекунанд ва мо акнун чӣ гуна дар хонаи дуҳуҷрагӣ зиндагӣ мекунем?».
Сокинони кӯча ба намояндагони ҳокимият пешниҳод карданд, ки таъҷилан ситод таъсис дода шавад, то ки ҳамаи мушкилоти пайдошуда расман, бар асоси санадҳои манзил ва дигар ҳуҷҷатҳо ҳал шавад.
«Мо ба таври хаттӣ ба Президенти мамлакат, раиси шаҳри Душанбе муроҷиат мекунем ва умедворем, ки масъалаи мо одилона ҳал хоҳад шуд», - умедворанд онҳо.
Дар шумораи навбатии газетаи «Азия-Плюс» доир ба ин масъала маълумоти муфассал дарёфт карда метавонед.