Додситонии кулли Тоҷикистон пешниҳод кардааст, барои мардоне, ки аз хидмати танфурӯшон истифода мекунанд, ҷазо таъйин шавад.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ин пешниҳод дар шакли тарҳи тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон навишта шуда, дар аввали соли 2018 ба порлумон ирсол мегардад.

Гуфта мешавад, соли 2015 як таҳқиқот дар Тоҷикистон нишон дод, ки ҳафтод дарсади мизоҷони занони танфурӯш дар кишвар ҷавонони то 25-сола ҳастанд.

Ҳамин тавр, мардони "сабукпо" истилоҳи наве хоҳад буд, ки эҳтимол пас аз қабули тағйири нав дар қонунгузории Тоҷикистон мавриди истифода қарор бигирад. Ҳоло дар қонунгузории Тоҷикистон фақат занон барои фоҳишагӣ ё танфурӯшӣ ҷазо мегиранд, аммо мардоне, ки аз хидмати онҳо истифода менамоянд, ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд.

​Фаррух Рауфов, муовини сардори як раёсати Додситонии кулли Тоҷикистон, рӯзи 17-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “дар муқоиса ба занҳои танфурӯш мардҳое, ки аз хидмати онҳо истифода мекунанд, ҷазои сахттар хоҳанд гирифт. Вақте талабот ҳаст, пешниҳод ҳаст. Вақте ҳамон мардони ишратҷӯю шаҳватпараст набошанд, сафи ҳамин гуна занҳо низ кам мешавад. Ин лоиҳа, ки аввали соли оянда ба порлумон пешниҳод мешавад, барои пешгирӣ аз фоҳишагӣ ва тарбияи ахлоқии ҷомеа равона шудааст. Ҷарима ва ҳатто ҳабси маъмуриро дар назар дорад.”

Марям Давлатова, ҷомеашиноси тоҷик, рӯзи 17-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз даҳ соли пеш бо иншои як мақола пешниҳод карда буд, барои фоҳиша шудани як зан бояд 12 мард ҷазо бинад.

Ӯ гуфт, “ҳамеша дар ин масъала баҳои мо яктарафа аст. Занро санги маломат мезанем, вале ҳеҷ вақт инро баррасӣ намекунем, ки агар харидор набошад, мол аз куҷо пайдо мешавад? Гарм будани бозори танфурӯшҳо чанд сабаб дорад, ки аз ҳар паҳлӯе нигоҳ кунем, мардҳо гунаҳкоранд. Харидори танфурӯш ҳам мард аст ва оне, ки ӯро ба ин бозор тела додааст, мард аст.”

Бархе аз мардҳои тоҷик аз ин пешниҳод истиқбол мекунанд. Аммо бархеи дигар мегӯянд, мақомоту занони фурсатталаб метавонанд, ки аз он ба нафъи худ суистифода кунанд. Як ҳамсуҳбати мо гуфт, “албатта, чунин ҷазо барои ҷомеа хуб аст. Аммо бубинед, бо вуҷуди таъйини ҷарима ва ҳабс солҳо боз танфурӯшҳо фаъоланд. Ин қонуни нав ҳам шояд натавонад, ҳамаи мардҳоро аз ин роҳ баргардонад.”

Мақомоти Тоҷикистон дар солҳои ахир аз афзоиши танфурӯшӣ дар кишвар бонги изтироб мезананд. Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки соли гузашта наздик ба ду ҳазор занро ҳамчун “занҳои бадахлоқ” сабт кардаанд.

Соли 2015 порлумон қонуни ҳуқуқвайронкунии маъмуриро тағйир дод ва ба онҳое, ки ба танфурӯшӣ машғул мешаванд, аз 10 то 20 нишондиҳанда, яъне аз 500 то 1000 сомонӣ ҷарима таъйин кард.