Муҳоҷирони меҳнатии машғули кор дар вилояти Маскав дар муқоиса бо соли 2017 аз моҳи январи соли 2018 барои дарёфти патент 300 рубл зиёдтар маблағ пардохт мекунанд.
Арзиши патенти якмоҳа аз 4 ҳазор рубли ҳозира то ба 4 ҳазору 300 рубл боло меравад. Ба шаҳрвандони хориҷие, ки бо патенти солона кор мекунанд, лозим меояд, ки ба ивази 48 ҳазору рубли ҳозира 51,6 ҳазор рубл маблағ пардохт намоянд.
Лоиҳаи қонуни вилояти Маскав «Дар бораи муқаррар кардани нишондиҳанда (коэффисиент)-и таҷассумгари аломатҳои хоси бозори кори вилояти Маскав барои соли 2018»-ро вакилони Думаи вилояти Маскав рӯзи 22 ноябр баррасӣ ва қабул карданд.
Дар навиштаҷоти шарҳи лоиҳаи қонун зикр мегардад, ки нархи патент барои шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави вилояти Маскав аз соли 2015 бетағйир боқӣ монда, дар як моҳ 4 000 рублро ташкил медод.
Дар ҳамин ҳол, мувофиқи пешгӯии Вазорати рушди иқтисод, нисбат ба соли 2017 дар соли 2018 афзоиши нархҳои истеъмолӣ 15,7 фоизро ташкил хоҳад дод.
Дар қонун бо болоравии арзиши патент то 4 300 рубл дар як моҳ, муқаррар кардани нишондиҳандаи минтақавӣ дар ҳаҷми 2,12535 пешбинӣ шудааст.
«Дар ҳамин ҳол, болоравии арзиши патент ҳамагӣ 7,5 фоизро ташкил хоҳад дод, ки аз афзоиши муътадили сарбории андоз барои шаҳрвандони хориҷӣ нисбат ба афзоиши нархҳои истеъмолӣ гувоҳӣ медиҳад», - қайд мешавад дар сомонаи Думаи вилояти Маскав.
Ба бовари муаллифони лоиҳаи қонун, қабули санади мазкур ба таъмини мунтазами воридоти маблағҳо ба буҷети вилояти Маскав аз ҳисоби андоз аз даромади муҳоҷирони меҳнатӣ имкон фароҳам месозад.
Ғайр аз ин, тавре қаблан зикр гардида буд, якчанд шаҳру вилоятҳои Русия пештар аз ин доир ба болоравии арзиши патент дар соли 2018 хабар дода буданд. Аз ҷумла, дар Маскав арзиши патент аз 4200 то ба 4500 рубл дар як моҳ боло меравад. Ин ҷо нархро муддати ду соли ахир зиёд накарда буданд. Патенти солона ба 54 ҳазор рубли русӣ баробар хоҳад шуд.
Дар Санкт-Петербург аз соли 2018 арзиши патенти корӣ аз 3000 то ба 3500 рубл дар як сол афзоиш ёфта, маблағи солонаи он 42 ҳазор рублро ташкил хоҳад дод.
Агар шахси дар қаламрави Русия ҳузурдошта чунин ҳуҷҷат надошта бошад, ӯро ҷарима то 7 ҳазор рубл, ихроҷ аз кишвар ва манъи вуруд ба Русия ба муҳлати аз 3 то 10 сол интизор аст. Барои корманди бидуни патент корфармо ҷаримабандӣ ва фаъолияташ ба муҳлати то 90 шабонарӯз боздошта мешавад.