Собир Хаспаллаев аз ноҳияи Вахши Тоҷикистон шоми 5-уми декабр дар яке кӯчаҳои марказии Маскав ронандагӣ мекард, ки мошини сабукраве дар ях лағжид ва ба рӯдхонаи Яуза афтод. Чанд мошин дар ҷойи ҳодиса истоданд ва ронандагону мусофирон доду фарёд бардоштанд, ки ронандаро бояд наҷот диҳанд. Касе ҷуръати ворид шудан ба оби сард накард, аммо Собир либосҳояшро кашиду худро ба об андохт.

Собир рӯзи 7-уми декабр зимни сӯҳбат аз тариқи Скайп ҳодисаро ба Радиои Озодӣ чунин нақл кард: “Онҷо одамон бисёр буданд, ягон кас надаромад. Ман либосҳоямро кашида, ба даруни об даромадам. Шишаи мошини духтарро шикастам ва ӯро аз об берун овардам. Либосҳоямро пӯшидам, баъд ба мошин дароварданд, маро гарм карданд.”

Ба Собир Хаспаллаев аз ноҳияи Вахш 40 дақиқа лозим шуд, то духтари ношинос ва беҳушро аз дохили рӯдхона ва бо кумаки атрофиён берун кашад. Баъд аз онки табибон ба маҳалли ҳодиса омаданд, ба ӯ гуфтанд, ки “агар духтар 1 ё 2 дақиқаи дигар дар дохили об мемонд, ҳалок мешуд.”

Маъмурони наҷот аз Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия низ ба Собир ташаккур гуфтанд, ки далерӣ нишон дод ва дар набудани онҳо кореро кард, ки маъмурони наҷот анҷом медиҳанд. Вале ончӣ ки Собирро маъюс кардааст, рафтори матбуоти Русия аст. Ӯ мегӯяд, матбуоти Русия ҳама чизро нишон дод, вале на номи Собирро бурд ва ҳам нагуфт, ки муҳоҷири оддист, ки дар Маскав кор мекунад.

“Пеш аз наворбардорӣ, ному насабамро навишта гирифтанд. Пурсиданд, ки аз куҷо ҳастам ва дар куҷо кор мекунам. Ба ҳамааш ҷавоб додам, ки аз Тоҷикистон ҳастам, вале дар телевизион намедонам барои чӣ номамро нагуфтанд. Сӯҳбатҳоямро нишон доданд, ки чӣ гуна духтарро баровардӣ. Ному насабамро нагуфтанд. Нагуфтанд, ки ман аз Тоҷикистон ҳастам, ки ба ин духтар кумак расонд, ё наҷот дод. Дар ин бора нагуфтанд, гапи мусбате нагуфтанд, рости гап", – мегӯяд, Собир Хаспаллаев.

Собир ба ин андеша аст, ки маҳз муҳоҷир ва аз Тоҷикистон буданаш, сабаби худдории телевизионҳову хабаргузориҳои Русия аз зикри ному зодгоҳи ӯ аст.

“Ба фикри ман, чун мо миллати дигар ҳастем, шояд ба ҳамин сабаб бошад, ки номи маро набурданд", – гуфт Собир. Муҳоҷири тоҷик гила кард, ки матбуоти Русия кори мусбати муҳоҷиронро нишон намедиҳад ва баръакс хабарҳои манфиро дар бораи онҳо доман мезанад.

Собир Хаспаллаев, ки 30 сол дорад, дар Маскав ба тиҷорат машғул аст ва намедонад, духтаре, ки наҷот дод, чӣ ном дораду аз куҷо аст. Маъмурони наҷот ба ӯ гуфтаанд, ки метавонад, ба аёдати духтаре биравад, ки ӯро аз чанголи марг наҷот дод. Ҷавоби Собир ба онҳо чунин будааст: “Гуфтанд, ки духтар дар шифохона аст, агар хоҳӣ пешаш рав. Ман гуфтам, муҳим ин ки зинда монд, таваккалаш ба Худо.”