Бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария рӯзи 11 декабр дар шаҳри Женева ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ва таблиғу ташвиқи симои мусбати Тоҷикистон дар кишвари иқомат чорабинии иттилоотӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, сафорат дучархасавори машҳури Швейтсария, Клод Марталерро, ки чанд маротиба ба Тоҷикистон бо дучарха сафар карда буд, ба чорабинии зикршуда ҷалб намудаст.

Гуфта мешавад, Клод Марталер як филми мустанадро аз сафари хеш ба Тоҷикистон ва имконоти сайёхӣи он пешкаши ҳозирин гардонд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамзамон кормандони сафорат имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва сиёсати рушди туризмро ба иштирокдорон муаррифӣ карда, маводи таблиғотӣ-маълумотиро, аз қабили брошюраҳо ба онҳо тақдим намуданд.