Гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба амалисозии лоиҳаи махсус барои муҳоҷирон - «Мигрант/Муҳоҷир» оғоз намуд.

Рост омадани оғози роҳандозии лоиҳаи мо бо санаи Рӯзи умумиҷаҳонии муҳоҷирон, ки ҳамасола санаи 18 декабр ҷашн гирифта мешавад, тасодуфӣ нест. Мо хоҳони онем, ки лоиҳаи мо muhojir.news.tj ва платформаҳои махсус барои он ташкилшуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ (Facebook - https://www.facebook.com/muhojir.migrant.tj/, вКонтакте - https://vk.com/migranttj, Одноклассники - https://www.ok.ru/muhojirtj) барои робитаву муколамаи ҳамдиёрони машғули кор дар хориҷи кишвар бо наздиконашон дар ватан осонтару қулай ва як воситаи муфиде шаванд.

Дар захираҳои иттилооти мо шумо ба саволҳои: Чӣ гуна омода шудан ҷиҳати сафар ба муҳоҷират; Чӣ тавр омӯхтани забон ва ба даст овардани касб; Барои гирифтани патент кадом ҳуҷчатҳо заруранд; Ба куҷо муроҷиат кардан барои дастрасӣ ба кумаки ҳуқуқӣ, агар корфармо ҳуқуқҳои шуморо риоя накунад; зимни боздошти кормандони милитсия чӣ кор мебояд кард; чӣ гуна фарзандонро ба мактаб ё тарбияи кӯдакистон супурд; чӣ кор мебояд кард зимни истирдод ва боз дигар масоили муҳими муҳоҷират посухҳо дарёфт карда метавонед.

Дар ин ҷо шумо ҳамчунин ҳамеша бо рӯйдодҳи муҳиму тозатарини Тоҷикистону Русия, ки ба муҳоҷирону оилаҳои онҳо марбутанд, шинос шуда метавонед.

Ба акаунтҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамроҳ шавед:

Facebook - https://www.facebook.com/muhojir.migrant.tj/

вКонтакте - https://vk.com/migranttj

Одноклассники - https://www.ok.ru/muhojirtj

Саволу воқеаҳои аз саратон гузашта, мушкилоту пешниҳодҳоятонро нависеду ирсол намоед - мо ҳамеша дар робитаем!

Рақами мо дар мессенҷерҳои WhatsApp/Telegram/Viber +992 937924245

Бо камоли эҳтиром, ҳайати кормандони «Мигрант/Муҳоҷир»