Каромат Шарипов дар озодӣ буда, ният дорад, ки бо вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ва сафири Русия дар Тоҷикистон вохӯрад.
Дар ин бора ӯ ба ровии радиои Asia-Plus Беҳрӯз Насриддинов, ки тасодуфан ба ӯ дар кӯча дучор омад, изҳори назар кард.
Ба савол дар бораи вазъи саломатиаш Шарипов қайд кард, ки худро беҳтар ҳис мекунад ва акнун ният дорад, ки ҳуқуқҳои худро барқарор намояд.
«Ман собиқадори Қувваҳои Мусаллаҳи Русия мебошам ва хостори онам, ки ҳуқуқҳоям риоя шаванд. Тоҷикистон маро қабул кард ва ин ҷо ман мехоҳам, ки адолату ҳақиқатро барқарор созам», - изҳор мекунад Шарипов.
Номбурда ҳамчунин таъкид дошт, ки дар кучое набошад, аз ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия ҳимоя хоҳад кард ва сабаби истирдоди ӯ на шахсони алоҳида, балки низоми ташкилшуда мебошад.
Ёдрас мекунем, ки баъди аз ҷониби суди вилояти Маскав бетағйир боқӣ гузошта шудани қарори зинаи аввали судӣ, ки дар он Каромат Шарипов ба ғайриқонунӣ гирифтани шиносномаи Русия гунаҳкор эътироф гардид, санаи 12 декабр ӯ аз қаламрави Русия хориҷ карда шуд.
Как проходил первый парад в независимом Таджикистане – уникальные кадры
Защита от смерти и страхование жизни: как снизить уязвимости к климатическим потрясениям?
$2,5 за порцию и выше. Индекс плова и рост цен в странах Центральной Азии
Физик, преданный науке. Иному Бободжанову – 90 лет
Главные инвесторы Таджикистана в 2024 году
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 23 февраля 2025 года
Корейское SPA для волос: секрет популярности и лучшие места в Душанбе
Reuters: США пригрозили закрыть Украине доступ к Starlink
Таджикский велогонщик выиграл две медали на чемпионате Азии-2025
Таджикистанка прошла в финал международной премии Women Changing the World Awards
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста