Дар ҷаласаи навбатии ҷамъбастии Комиссияи “Ҳаҷ-2017” бо ҳузури муовини сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим дастур дода шуд, ки ҳангоми баррасии муроҷиати шаҳрвандон доир ба хоҳиши адои маросими ҳаҷ шароити зиндагии ҳар яки онҳоро ба инобат гирифта, қарори дахлдорро қабул намоянд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», зимни ҷаласа зикр шуд, ки дар ин мавсим ҷиҳати адои ҳаҷ 6 ҳазору 520 нафар шаҳрвандон ба Арабистони Саудӣ интиқол дода шуда, ба онҳо аъзои гурўҳи корӣ, ҳайати табибон ва роҳбаладони интихоб ва хизмат расонида, дар маҷмӯъ, ин чорабинӣ дар сатҳи муносиб ташкил карда шуд.

«Дар қатори муваффақиятҳо баъзе камбудиҳо, ба монанди саривақт нарасонидани кумаки аввалияи тиббӣ, аз фарзияти ҳаҷ ва касбияти кор бархӯрдор набудани баъзе аз роҳбаладон ва бо роҳҳои ғайрирасмӣ ба ҳаҷ сафар намудани шаҳрвандон мушоҳида гардид ва боварӣ дорем, ки масъулин дар ин самт камбудиву норасоиҳоро бартараф намуда, ба зоирини тоҷик шароити хуб ва хизматрасонии беҳтарро дар мавсими “Ҳаҷ-2018” ташкил менамоянд», - қайд кардааст муовини сарвазир.

Гуфта мешавад, инчунин таъкид шудааст, ки бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои нигаронкунанда зимни гузаронидани машғулиятҳо ба зоирин фарқияти  мафҳуми “хобгоҳ” аз “меҳмонхона”, гуногунӣ ва миқдори хўрок дуруст фаҳмонида шавад, то дар сафар боиси нороҳатии онҳо нагардад.