Сирки Ӯзбекистон бо сафари ҳунарӣ ба Душанбе меояд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Сирки давлатии Тоҷикистон хабар доданд, гурӯҳи ҳунарии сирки Тошканд иборат аз 15 нафар бояд имрӯз ба Душанбе ояд.

Зикр гардид, ки намоиши нахустини ҳунармандони Сирки Тошканд санаи 31 декабр (соати 14:00) дар толори Сирки давлатии Душанбе баргузор мешавад. Меҳмонон танҳо дар пойтахти Тоҷикистон ҳунарнамойӣ мекунанд.

Бино ба иттилои манбаъ, сафари ҳунарии сирки Ӯзбекистон муддати як моҳ ба нақша гирифта шуда, арзиши билет аз 30 то 80 сомонӣ ва барои кӯдакони синни то 3-сола тамошои барнома бепул аст.

Қобили зикр аст, ки сафари ҳунарии сирки Тошканд дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои фарҳангӣ ва гуманитарии Тоҷикистону Ӯзбекистон сурат мегирад.