Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба масъалаи қонунӣ будани қатъи хизматгузории NGN-телефония дар ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Оператороне, ки ин хизматрасониро пешниҳод мекарданд, аз Прокуратураи генералӣ бо хоҳиши пешниҳоди маълумоти муфассал дар ин бора, аз ҷумла чӣ гуна пешниҳод шудани хизматрасонии NGN ба муштариён ва бар асоси кадом қарор аз ҷониби провайдерон қатъ шудани он дархости хаттӣ гирифтаанд.
Ёдрас мекунем, ки 18 декабри соли гузашта Хадамоти алоқа ба ширкатҳои «Тоҷиктелеком», «ТТ Мобайл», «Таком-Билайн», «Индиго Тоҷикистон», «Вавилон М», «Вавилон Т», «Истера», «Интерком», «Телеком Технолоджи», «Коминтел» қарори худро дар бораи бекор кардани ҳамаи иҷозатномаҳо барои истифодаи NGN ирсол кард.
Дар муддати панҷ рӯз ширкатҳо ва мақомоти назоратӣ бояд дар бораи иҷрои ин дастур ҳисобот медоданд. Ширкатҳое, ки саривақт ин қарорро иҷро накарданд, зери фишор қарор гирифтанд Аз ҷумла, дафтари кории марказии ширкати «Вавилон» муддати як шабонарӯз баста шуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» намояндаи яке аз ширкатҳо дар ин робита хабар дод, дар Прокуратураи генералӣ ба онҳо тавсия додаанд, ки номи ин хизматгузориҳоро иваз карда, онҳоро барқарор намоянд. Аз ҷумла, ширкати «Вавилон» аллакай роҳандозии мессенҷери нави МobiГап-ро эълон кардааст. Қаблан хизматгузории IP-телефония дар ширкати «Вавилон» NGN номида мешуд.
Котиби матбуотии ширкат Холиқназар Ҷумъаев рӯзи 2 январ ба «Азия-Плюс» хабар дод, ки мессенҷери нав ба анҷоми зангҳои садоӣ, видео ва ирсоли маълумот дар дохили замима, ҳамчунин занг ба телефонҳои шаҳрӣ ва мобилӣ дар Тоҷикистон ва хориҷи кишвар бо нархҳои дастрас имкон медиҳад ва барои ин сим-корти ширкати «Вавилон»-ро дастрас кардан зарур аст.
«Корбарон аз сомонаи ширкат барномаи мессенҷери МobiГап-ро ба телефони худ баргирифта, зангҳо дар дохили замима бепул аст, дақиқаи гуфтугӯ бо муштарии ширкати мо 3 дирам нарх дорад. Арзиши занг ба рақамҳои телефонҳои шаҳриву дигар ширкатҳо 12 дирамро ташкил медиҳад», - иброз дошт Холиқназар Ҷумъаев.
Қаблан нархи занг тариқи NGN дар ин ширкат 6 дирам арзиш дошт.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Таджикистан и Афганистан подписали контракт на поставку электроэнергии в 2025 году
Банки Узбекистана и Казахстана прекратили обслуживать выпущенные Газпромбанком карты UnionPay
Как реформируют свою милицию страны Центральной Азии
130 победителей. Кто они – лауреаты конкурса «Книга – мудрости зари сиянье»?
В Таджикистане создали штаб по цифровизации госуслуг и безналичных расчетов
В Кыргызстане законом запретили электронные сигареты. А как в Таджикистане?
Таджикистан и Узбекистан отменили разрешения на взаимные грузоперевозки
У спасателей Таджикистана появился свой полигон и новый офис
В Кыргызстане задержан автор письма с угрозами в адрес главы ГКНБ
Таджикистан и Россия договорились о запуске нового автобусного маршрута Новосибирск-Худжанд
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста