Алҳол танҳо ширкати фароҳамсози интернет (провайдер)-и «Телеком Технолоҷи» кори Next Generation Network (NGN) телефонияро фаъол намуд.
Барои корбарон ҳамчунин замимаҳои мобилии IP-телефонияи ширкатҳои Tcell ва Билайн, ҳамчунин «Вавилон-М» дастрас мебошанд. Санади расмии барқарор шудани кори хизматгузории IP-телефония алҳол вуҷуд надорад.
Намояндагони ширкати «Телеком Технолоҷи» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки баъди аз ҷониби Хадамоти алоқа дастрас шудани «иҷоза» хизматгузориҳои NGN ба муштариёнашон дастрас шудааст. «NGN-и ширкати мо бо реҷаи пешин кор карда, ҳам IP-ҳои маҳаллӣ ва ҳам хориҷиро дастгирӣ мекунад», - гуфт манбаъ.
Санаи 18 декабри соли гузашта Хадамоти алоқа бо ишора ба масъалаи таъмини амният иҷозатномаи хизматгузории NGN-ро бозхонд. То ин замон ширатҳои «Истера», «Интерком», «Вавилон» ва ғайра хизматгузории NGN-ро пешниҳод мекарданд, ки алҳол хизматрасониҳои IP-телефонияи ин ширкатҳо ба муштариён дастрас нест.
Дар ширкати «Вавилон» қайд карданд, ки замимаи чанде қабл роҳандозишудаи "Mobi Гап" барои муштариён дастрас, вале хизматгузории NGN то ҳол қатъшуда боқӣ мондааст.
Дар ҳамин ҳол, айни замон дар ширкати «Билайн» замимаи «Салом» дастрас шуд, ки баъди дархости Хадамоти алоқа қатъ гардида буд.
Тавре ба «Азия-Плюс» корманди ширкати мазкур Рустам Тоҳиров хабар дод, дастрасӣ ба замимаи мобилии «Салом» муваққатан дар доираи дастури Хадамоти алоқа оид ба пешниҳоди хизматгузориҳои пайвасти NGN қатъ шуда буд. Замимаи мобили «Салом» ба рақами мобилии ширкат марбут буда, сарфи назар аз дар куҷо қарор доштани муштарӣ, ӯ тариқи рақами мобилӣ бо тарифҳои дохилӣ гуфтугӯ карда метавонад.
Ба ин монанд замимаи Tcell ("Чи гап") ва «Вавилон-М» ("Mobi Гап") мавҷуд аст, ки ширкат онро аз 1 январи соли 2018 роҳандозӣ кард.
Дар Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ дар мавриди ин масъала зикр карданд, ки санҷиши асосҳои қатъи NGN идома дорад. «То ҷое ман огаҳӣ дорам, хизматгузории NGN алҳол барои муштариён барқарор нашудааст. Санҷиши мо ҳам идома дорад ва ҳафтаи наздик дар бораи натиҷаҳои он ҳисобот медиҳем», - гуфт як манбаъ дар Прокуратураи генералӣ, вале аз ифшои ҷузъиёти дигари масъала худдорӣ варзид.