Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (ДДТ) Ҳайдар Одиназода аз шахсони масъуле, ки донишҷӯёнро тариқи квота ба таҳсил мефиристанд, норозигӣ изҳор намуд, зеро бар ин назар аст, ки аксар вақт сатҳи дониши онҳо ба талабот ҷавобгӯ нест.
«Соли гузашта раҳбарияти донишгоҳ ду нафар донишҷӯёни квотадорро барои муддати тӯлнӣ дар дарсҳо ҳозир набудан хориҷ кард. Барои мо на шумор, балки сифати дониши донишҷӯён муҳим аст», - гуфт ӯ зимни нишасти хабарии имрӯза.
Одиназода дар ҳайрат аст, ки ҳангоми ҷудо кардани квотаҳо талаботи бозори маҳаллӣ ба инобат гирифта намешавад, зеро хатмкардагон тибқи квотаро бояд ноҳия ё шаҳри квотадода бо кор таъъмин кунад.
«Масалан, чӣ лозим аст ба донишҷӯ аз Ишкошим барои таҳсил аз рӯи ихтисоси технологияи истеҳсоли нахи пахта квота ҷудо шавад, - савол дод ректор. - Инро ман намефаҳмам».
«Дар кабинети ман ҷузвдоне бо ҳуҷҷатҳои хатмкунандагон ҳаст, ки дар донишгоҳ тибқи квота таҳсил кардаанд, вале ноҳияҳое, ки ба онҳо квота додаанд, онҳоро бо кор таъмин накардаанд», - қайд кард ӯ.
Ба гуфтаи Одиназода, соли 2017 бо назардошти талаботи бозор дар факултаҳои энергетика, менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ, сохтмон ва меъморӣ, технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва технологияҳои инноватсионӣ 9 ихтисоси нав кушода шудааст.
Ба сифаи дастовардҳо дар соли гузашта Ҳайдар Одиназода болоравии музди меҳнати омӯзгоронро қайд карда, итминон дод, ки соли равон нархҳои таҳсили шартномавӣ дар донишгоҳ зиёд намешаванд.
Қобили зикр аст, кии айни замон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон зиёда аз 9 ҳазор нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд, ки беш аз 52 фоизашон бар асоси шартнома ба таълим фаро гирифта шудаанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.