Дар пойтахти Тоҷикистон 36 истгоҳои муосири нақлиёти ҷамъиятӣ мавриди истифода қарор гирифта, барои бунёди онҳо 9 млн. сомонӣ (каме бештар аз 1 млн. доллар бо қурби ҳозира) маблағ масраф шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ дар мутобиқат ба меъёру стандартҳои байналмилалӣ ва бо назардошти сабку услуби меъмории миллӣ сохта шуда, тибқи лоиҳа он аз ҷойи нишаст, таблоҳои электронӣ барои пешниҳод намудани маълумот ба мусофирон оид ба вақт ва рақами хатсайрҳо ва таблоҳои таблиғотӣ иборат мебошанд.

1/13

Гуфта мешавад, ҳамчунин тибқи лоиҳа дар истгоҳ нуқтаи хизматрасонии телефони шаҳрӣ насб гардидааст. Истгоҳҳои наву замонавӣ дар кӯчаҳои асосии шаҳр аз назди Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе то қисмати шимолии пойтахт - майдони Сарҳадчиён бунёд шудаанд.