Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки соли 2017 беш аз 122 ҳазор нафар муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон мавриди авф, қисмате ҳузури худро қонунӣ ва барои боқимонда вуруд ба қаламрави ин кишвар иҷозат дода шуд, вале бо вуҷуди ин, боз барои 181 ҳазор нафар тоҷикистониён барои риоя накардани қонунгузории муҳоҷират вуруд ба Русия манъ аст.

Авфи муҳоҷирни тоҷик дар Русия аз 25 март то 24 апрел баргузор шуд.

«Ин ҷараён ҳамагӣ як моҳ давом ёфта, албатта дар ин муддати кӯтоҳ ҳамаи муҳоҷирон аз минтақаҳои дурдаст огаҳӣ наёфтанд. Бо сохтори дахлдори Русия ба мо муяссар шуд, ки беш аз 122 ҳзаор нафар ҳамватанонро барои муроҷиат ба мақомоти дахлдор огоҳ кунем, то авф шаванд, қариб 20 ҳазор нафари дигар ҳузури худро қонунӣ карданд ва боқимонда 102 ҳазор нафар ҷиҳати вуруд ба Русия иҷоза гирифтанд», - гуфт вазир.

Тағойзода дар шарҳи авфи муҳоҷирон қайд кард, ки он ба ду дараҷаи муҳоҷирон - иҷозаи вуруд ва худи далели қонунӣ кардани ҳузури муҳоҷирон дахл дошт, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия қарор доштанд.

«Баъди баргузории ин маърака мушкилиҳо рӯйи кор омаданд, шаҳрвандон ба Намояндагии Вазорат дар Русия ва дар худи ҷумҳурӣ низ ба мо муроҷиат карданд. Мушкилиҳо ба пойгоҳи маълумот дахл доштанд, ки дар ихтиёри сохторҳои марбутаи Русия қарор доштанд. Барои ҳалли ин масъала мо ба Сарраёсати масъалаҳои муҳоҷирати ВКД Русия муроҷиат намуда, ин камбудиҳоро бартараф сохтем», - қайд кард номбурда.

Мавриди зикр аст, ки авф на аз муҳлат, балки ба шумори қонуншиканиҳои содиршуда вобаста буд, яъне ба касоне, ки ду-се бор дар муддати се сол барои қонуншикани ихроҷ шуда буданд ва касоне, ки дар мудати 30 рӯз аз замони анҷоми муҳлати ҳузури муваққатӣ қаламрави кишварро тарк накарда буданд.

Ба шахсоне, ки мавриди авф қарор гирифтаанду вале бо мушкили дар рӯйхати ВКД ҳузур доштани номашон дучор мешаванд, вазир маслиҳат дод, ки таъҷилан ба Намояндагии Вазорат дар Русия ё Хадамоти муҳоҷирати Вазорат дар Душанбе муроҷиат намоянд.

Бино ба маълумоти Вазорат, соли 2017 коршиносони тоҷику рус ариза ва ҳуҷҷатҳои 5 дараҷаи шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки вурудашон ба Русия манъ шуда буд, баррасӣ ва дар ҷараёниин кор муяссар шудааст, ки ба 313 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои вуруди такрорӣ ба Русия иҷозат дода шавад.

Дар робита ба шуғли муҳоҷироне, ки вурудашон ба Русия манъ аст, изҳор шуд, ки дар ҳамдастӣ бо созмонҳои байнулмилалӣ дар шаҳру навоҳии кишвар беш аз 4 ҳазор нафар аз ин шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ таъмин карда шуданд.

Омори муҳоҷират

Тибқи маълумоти расмии омории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ, соли 2017 шумори муҳоҷироне, ки барои кор муҳоҷиратро берун аз қаламрави кишварро ихтиёр кардаанд, 487,7 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли пешин (2016) қариб 30 ҳазор нафар камтар аст. Зиёда аз 90%-и онҳо Русияро макони муҳоҷират интихоб мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, дар ин давра 412, ҳазор нафар муҳоҷирони корӣ ба ватан баргаштаанд, ки нисбат ба соли 2016 ба андозаи 6% камтар аст.

Бино ба маълумоти Сарраёсати ВКД Русия, аз рӯи натиҷаҳои соли 2017 шумори муҳоҷирони корӣ, ки айни замон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, наздики 900 ҳазор нафарро ташкил медиҳад ва нисбат ба соли 2016 ин шумор 100 ҳазор нафар бештар мебошад.