Дар давраи нахустин сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ки даҳаи аввали моҳи марти соли равон дар назар аст, таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» баргузории консерти муштараки устодони санъати Тоҷикистону Ӯзбекистон пешбинӣ мешавад, хабар дод як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.
Дар консерте, ки дар яке аз толорҳои бузурги консертии шаҳри Душанбе доир мегардад, ҳунарнамоии сарояндагону мусиқачиёни маъруф ва ансамблҳои рақсии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар назар аст.
Дар ин консерт сарони кишварҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев, намояндагони ҳайати расмии Ӯзбекистон, аъзои ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон, кормандони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе ва намояндагони аҳли ҷомеа иштирок мекунанд.
Ёдрас мекунем, ки зимни нахустин сафари президенти якуми Ӯзбекистон Ислом Каримов ба Душанбе моҳи июни соли 2000 дар толори маҷмааи «Кохи Борбад» консерти муштараки устодони санъати ҳарду кишвар баргузор шуда буд.
Он замон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ду сарояндаи маъруфи Ӯзбекистон Фаррух Зокиров ва Мардон Мавлонов унвонҳои фахрии «Ҳунарманди халқии Тоҷикистон»-ро тақдим карда буд.