Ба корҳои дубора ба фаъолият оғоз намудани реактори ядроии «Аргус» дар Тоҷикистон корпоратсияи давлатии «Китайатом»-и Чин низ ҳамроҳ мешавад.
Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки дар корҳои барқарор кардани фаъолияти «Аргус» ҳамчунин корпоратсияи «Росатом» низ саҳм хоҳад гузошт.
Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи осоиштаи энергияи атомӣ миёни Тоҷикистону корпоратсияи «Росатом»-и Русия як сол пеш - 28 феврали соли 2017 зимни сафари президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон ба имзо расид.
Дар созишнома дар навбати аввал иштироки олимони русиягӣ дар барқарор кардани реактори ядроии «Аргус», масоили омода кардани кадрҳо аз Тоҷикистон дар заминаи мактабҳои олии Русия ва пажуҳишгоҳҳо дар соҳаи энергиияи атомӣ пешбинӣ шудааст.
«Ҷониби Чин низ дар ин лоиҳа иштирок мекунад, вале танҳо дар мавриди маблағгузории лоиҳа, ки анҷоми корҳои он охири соли 2020 дар назар аст. Байни Тоҷикистону Чин чанде қабл дар ин самт ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид», - иброз дошт Раҳимӣ.
Зимнан зикр гардид, ки Академияи илмҳои Тоҷикистон айни замон вазъ ва таъиноти реактор, муайян кардани имконоти техникӣ ва дурнамои истифодаи онро мавриди омӯзиш қарор додааст.
Мувофиқи барномаи давлатии соли 2015 қабулшуда, то соли 2020 реактори ядроӣ бояд пурра ба корҳо дар тамоми самтҳои илмӣ оғоз кунад.
Барои амалисозии барномаи барқарорсозӣ ва истифодаи минбаъдаи реактори ядроии таҳқиқотии «Аргус-ФТИ» барои давраи солҳои 2016-2020 ҷудо шудани 35 млн. доллар маблағ пешбинӣ шудааст.
Дар Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯянд, маҳсулоте, ки дар реактори ядроии «Аргус» баъди барқарор кардани фаъолияти он истеҳсол мешавад, дар саросари ҷаҳон серхаридор ва серталаб хоҳад буд.
Қаблан дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» Фарҳод Раҳимӣ дар ин робита изҳор намуда буд, ки дар реактор истеҳсоли дорувории тиббӣ барои муолиҷаи бемориҳои саратон дар назар аст. Имрӯз дар саросари ҷаҳон беморони саратон ҳамагӣ 10 фоиз бо дорувории зарурӣ таъмин мебошанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Январская "чистка", иранские инвестиции, "дело о госперевороте" и страхи таджикских мигрантов: важные события января-2025 по версии "Aзия-Плюс"
Ярко, весело и с размахом. Как в Душанбе отметили праздник Сада
В Филадельфии на жилые дома рухнул самолет медицинской эвакуации
Сборная Таджикистана на Азиаде-2025 в Китае оказалась самой малочисленной среди стран Центральной Азии
Что делать, если инспектор ГАИ снимает номера с вашей машины?
Мигрантов в России предложили привлекать к ответственности за необучение детей русскому языку
В Кыргызстане ввели штрафы за клевету и оскорбления в интернете
По принципу паритета. МИД Таджикистана подтвердил безвизовый въезд граждан Ирана
Как женщины в электронной коммерции создают будущее Таджикистана
Эмомали Рахмон призвал земледельцев использовать «лучшие семена и плодородные саженцы»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста