Тайи 10 соли охир сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон ба андозаи 24,3 фоиз коҳиш ёфта, имрӯз ин сатҳ то ҳол қариб 30 фоиз боқӣ мемонад.

«Соли 2017 сатҳи камбизоатӣ дар муқоиса бо соли 2016 - 1,4 фоиз поин рафта, 29,7 фоиз (соли гузашта - 30,3 фоиз)-ро ташкил дод», - гуфт зимни нишасти хабарӣ Гулнора Ҳасанзода, директори Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол, ӯ қайд кард, ки 10 сол пеш сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон дар сатҳи 53,5 фоиз ба қайд гирифта шуда буд.

Бино ба маълумоти Агентӣ, музди меҳнати миёнаи моҳонаи номиналӣ дар моҳи ноябри соли 2017 - 1174 сомониро ташкил дода, дар муқоиса бо моҳи ноябри соли 2016 - 11,1 фоиз афзудааст. Айни замон музди меҳнати минималӣ 400 сомониро ташкил медиҳад.

Музди меҳнати аз ҳама пасттарин моҳи декабри соли 2017 дар бахши кишоварзӣ, шикор ва хоҷагии ҷангал - 523,37 сомонӣ ва кормандони соҳаи моҳипарварӣ - 690,54 сомонӣ ба қайд гирифта шудааст.

Маоши аз ҳама баландтарин дар ин давра дар соҳаи саноати кӯҳкорӣ ва коркарди конҳо - 2426,03 сомонӣ, сохтмон - 2214,59 сомонӣ ва бахшҳои электроэнергетика ва таъминот бо об - 1684,21 сомонӣ сабт гардидааст.

Дар соҳаи хизматгузорӣ аз ҳама зиёдтар кормандони соҳаи миёнаравии молӣ - 2927 сомонӣ, бахши нақлиёт, анбордорӣ ва алоқа - 2187 сомонӣ ва соҳаи муомилот бо амволи ғайриманқул ва фаъолияти тиҷоратӣ - 1533 сомонӣ маош гирифтаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.