Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов ба Осорхонаи мардумшиносии шаҳри Берлин ташриф оварда, бо директори осорхона профессор Ларс-Кристиан Кох дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои минбаъдаи фарҳангӣ байни Осорхонаи мардумшиносии шаҳри Берлин ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон табодули афкор намуданд.

Гуфта мешавад, сафир ба ҷониби олмонӣ иттилоъ дод, ки бо ибтикори Президенти Тоҷикистон соли 2018 дар Тоҷикистон соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълом гардидааст. Ҷониби олмонӣ омодагии худро барои ташкили намоиши асарҳои рассомони тоҷик ва маҳсули ҳунарҳои мардумӣ дар бинои нави худ изҳор намуд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар хотимаи сӯҳбат сафир ба Осорхонаи мардумшиносии Берлин намунае аз ҳунари мардумии тоҷик – чодари чаканро тӯҳфа намуд.