Баъди имзои созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи равуои мутақобилаи шаҳрвандон, ки зимни сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон байни кишварҳо ба имзо расид, аксари шаҳрвандони ҳарду давлат ба гузаргоҳҳои назоратӣ дар сарҳад шитофтанд, то ки бидуни раводид ба қаламрави кишварҳо ворид шаванд.
Аммо алҳол бидуни ба расмият даровардани раводиди дахлдор, сарҳадбонон ҳеҷ касро ба гузаштани марз иҷоза намедиҳанд.
«Дарвоқеъ, дар созишномаи зикршудаи санаи 9 июн дар Душанбе баимзорасида равуои шаҳрвандони ҳарду ду давлат ба қаламрави кишварҳо бидуни раводи ба муддати то як моҳ пешбинӣ шуда, аммо ин созишномаро аввал бояд парлумонҳои кишварҳо тасдиқ кунанд ва танҳо баъди ин он мавриди амал қарор мегирад», - хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаи огаҳ аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Изҳори умедворӣ шуд, ки тасдиқи созишнома ва табодули эътимоднома дар ин хусус муддати «ҳадди ниҳоӣ як моҳ» сурат мегирад, ҳарчанд дар созишнома таъкид шудааст, ки ҷонибҳо ҳуҷҷатҳои заруриро дар муҳлати на камтар аз се моҳ омода месозанд.
Дар ҳамин ҳол, хотиррасон шуд, ки айни замон шаҳрвандони ҳарду кишвар, ки дар минтақаҳои наздисарҳадӣ зиндагӣ мекунанд, ба равуо бидуни раводид ба қаламрави давлатҳои ҳамдигар ба муддати панҷ рӯз ҳуқуқ доранд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.