Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Тоҷикистон огоҳ мекунад, ки обуҳавои ноустувор дар қаламрави Тоҷикистон то 15 март боқӣ мемонад.

Тавре қайд мешавад, рӯзҳои наздик дар ҷумҳурӣ боридани борон ва дар баландии беш аз 2 ҳазор метр барф дар назар аст.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки бар асари боришоти зиёд дар дарёҳои Яхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва рӯдхонаҳои доманаи қаторкӯҳи Хисор болоравии сатҳи об пешбинӣ мешавад.

Гуфта мешавад, дар доманакӯҳҳои вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ боридани борону барф ва хатари селфароӣ вуҷуд дорад.

Суръати вазиши шамол 3-9 метр дар як сонияро ташкил дода, ҳарорат дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона ҳарорати -4+1 ва рӯзона +2+7 дар назар дошта шудааст.

Дар Душанбе ҳаво абрнок ва борон борида, ҳарорат шабона 4-6 дараҷа ва рӯзона 10-12 дараҷа гарм мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.