Бо шарофати ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳтати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати хирадмандонаи «Дарҳои боз»-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳо дар бахши сайёҳӣ бо кишварҳои олам густариш ёфта истодааст.

Дар заминаи Созишнома байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон  оид ба мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон ва Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ гурӯҳи аввалини сайёҳони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ба рушди ҳамкориҳо дар самтҳои афзалиятнок аз ҷумла, мубодилаи иттилоот доир ба рушди сайёҳӣ тавассути маводи нашрӣ, филмҳо, гузаронидани чорабиниҳои тарғиботӣ, конфереренсияҳо, семинарҳо, ташкили намоишгоҳҳо ва барои ба роҳ мондани ҳамкориҳо байни ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва ширкатҳои сайёҳии Ӯзбекистон нигаронида шудааст.

Тибқи созишномаи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон ду давлати ҳамҷавор –Тоҷикистон ва Ӯзбекистон  ҳуқуқ доранд, ки  ба муҳлати 30 рӯз бидуни раводид  ба  кишварҳои ҳамдигар сафар намоянд.

Акс аз Кумитаи рушди сайёҳии ҶТ

Оғоз гардидани сафари бераводид миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон занҷири самаранокеро ба вуҷуд меорад, ки на танҳо ба рушди бахши сайёҳӣ байни ду кишвар, инчунин ҳамкориҳои минтақавии сайёҳӣ мусоидат менамояд.

Нахустин гуруҳи сайёҳони Ӯзбекистонро намояндагони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол намуда, дар назди муҷассами Исмоили Сомонӣ Аксияи “Салом Тоҷикистон” баргузор гардид. Ҳамзамон, аз ҷониби ширкатҳои сайёҳӣ барномаи ҷолиби боздид аз имкониятҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ташкил карда шудааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки зимни ташриф ба Тоҷикистон сайёҳони Ӯзбекистон ба намудҳои сайёҳии табобатӣ солимгардонӣ, экологӣ ва сайёҳии зиёратӣ бештар майлу рағбат доранд.

Дар сайёҳии табобатӣ солимгардонӣ, бештар аз осоишгоҳҳои Хоҷаобигарм, Шоҳамбарӣ, Оби шӯри Ваҳдат, Зумрад дидан менамоянд.

Акс аз Кумитаи рушди сайёҳии ҶТ

Дар сайёҳии экологӣ, табиати нотакрор, манзараҳои зебову назаррабо, куҳҳои осмонбус, чашмаҳои мусаффо, олами набототу ҳайвонот, макони беҳтарин барои сайру саёҳат буда, бешак бо ҳамин рангорангии хеш таваҷҷуҳи ҳар бинандаро ба худ ҷалб менамояд. Аз ҷумла, аз мавзеи Искандаркул, Ҳафткӯл, Ромит, куҳҳои Аловуддин боздид менамоянд.

Дар сайёҳии зиёратӣ, кишвари мо дорои мавзеъҳои зиёди табиӣ ва таърихию фарҳангии диққатҷалкунанда буда, ин имкониятҳо ифодагари симои ҷолиби Тоҷикистон дар хориҷа мебошанд. Сайёҳони Ӯзбекистон аз мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ, зиёратии кишвари мо дидан намуда, ба онҳо бисёр ҷолиби диққат мебошад.

Ҳоло ҳамкориҳои байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, хатсайрҳои минтақавӣ низ амалӣ шуда истодааст.