Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 11 апрел ба муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» ташриф оварда бо лоиҳаи бунёди «Қасри Бахт» шинос шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, лоиҳаи иншооти мазкур аз ҷониби ҶДММ «ҶиЭм Партнерҳо» таррезӣ гардида, он дар масоҳати 19300 метри мураббаъ бунёд карда мешавад.

 

Рустами Эмомалӣ ба сохтмони "Қасри бахт" оғоз бахшид
Акс аз дафтари матбуоти шаҳрдорииДушанбе

Кохи ақди никоҳ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлияи Тоҷикистон бунёд мегардад.

Сипас дар шаҳраки 43-юми ноҳияи Фирдавсӣ иштироки Рустами Эмомалӣ ва Роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Иншооти мазкур аз ҷониби КДАМ Тоҷикистон сохта шуда, он дар масоҳати 1560 метри мураббаъ доман паҳн кардааст.  Корҳои сохтмонӣ ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти майдони варзишӣ ва бозии кӯдакон аз ҷониби Отряди сохтмонии Қушунҳои сарҳадии ниҳоди мазкур анҷом дода шудааст.

Пас аз ифтитоҳи расмии иншоот аз ҷониби намояндагони шаҳрдорӣ ба кӯдакони шаҳрак тӯҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ тақдим карда шуд, ки хурсандиву фараҳи кӯдаконро дучанд намуд.

Айни замон Хонаи ақди никоҳ ё худ Идораи марказии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ)-и шаҳри Душанбе дар бинои начандон бузурги якошёна дар маҷмааи «Наврӯзгоҳ» фаъолият дорад. Бино аз қисмати маъмурӣ, толори тантанавӣ, толори навбатпоиву аксбардории навхонадорону наздикони онҳо ва меҳмонон иборат аст.