Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 345 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) боқӣ мондаанд, хабар дод ба «Азия-Плюс» роҳбари Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнат Раҳматулло Қудратов.
Соли гузашта ба санаи 14 апрел шумори онҳо 443 нафарро ташкил медод.
Собиқадорони ҶБВ айни замон дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Дар ВМКБ шумори онҳо - 4 нафар, вилояти Суғд - 102 нафар, Хатлон - 136 нафар, ноҳияҳои тобеи марказ - 66 нафар ва шаҳри Душанбе - 46 нафарро ташкил медиҳад.
Охири соли гузашта собиқадори куҳансолтарини Тоҷикистон Додарҷон Умаров аз олам даргузашт, ки 117 сол дошт ва дар Вахш зиндагӣ мекард.
«Дигар собиқадорон синни 100-сола ё аз он боло дар Тоҷикистон намонданд, синни ҳамаи собиқадорони боқимонда аз 90 боло аст», - қайд кард Қудратов.
Дар ҳамин ҳол, маблағи ҷудомешуда имсол ба собиқадорони ҷангу меҳнат аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни навбатии Рӯзи Ғалаба баъди 22 апрел маълум мешавад.
Соли гузашта президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Рӯзи Ғалаба ба собиқадорони ВОВ ва шахсони дар муҳосирамонда ба ҳар кадоме 3 ҳазор сомонӣ кумакпулии якдафъаина ҷудо кард.
Ҳамчунин соли гузашта президент ба ҳамаи мақомоти давлатии маҳаллӣ дастур дода буд, ки мувофиқи имкон ба собиқадорон алоҳида кумак кунанд.
Солҳои Ҷанг Бузурги Ватании 1941-1945 аз аҳолии ҳудуди 1,25 млн. нафараи Тоҷикистон наздики 300 ҳазор нафар тоҷикистониён ба ҷабҳаи набард рафтанд. Наздики 100 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва 55 ҳазор нафар тоҷикистониён бо ордену медалҳо қадрдонӣ шуда, 64 нафар бо унвони олӣ - Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Таджикистан и Узбекистан отменили разрешения на взаимные грузоперевозки
У спасателей Таджикистана появился свой полигон и новый офис
В Кыргызстане задержан автор письма с угрозами в адрес главы ГКНБ
Таджикистан и Россия договорились о запуске нового автобусного маршрута Новосибирск-Худжанд
Генсек ОДКБ анонсировал принятие программы по обустройству таджикско-афганской границы
Уголовные дела за лайки. Изменится ли ситуация после критики президента?
Международный форум Digital Tajikistan собрал в Душанбе более 1000 делегатов
В Таджикистане археологи обнаружили уникальные артефакты на могильнике Шахидон
Ятимов и Ташиев встретились на севере Таджикистана. Договоренности не раскрыты
Минэнерго: 80% климатических изменений в Таджикистане связаны с водой
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста