Лоиҳаи tourist.uz Ӯзбекистон дар бораи имконоти сайёҳии Тоҷикистон як силсила барномаҳо таҳия намудааст. Дар шабака навори видео гузошта шудааст, ки дар он зери таронаи шӯхи Шабнами Сурайё аз мавзеъҳои тамошобоб ва дигар имконоти сайёҳии кишвари мо маълумот дода мешавад.

Навори видео ду рӯз пеш дар шабакаи ютуби tourist.uz гузошта шудааст.

Дар маълумоти саҳифаи tourist.uz зикр мегардад, ки силсиалаи барномаҳо дар шабакаи телевизиони MilliyTV аллакай якшанбеи ҳамин ҳафта намоиш дода мешавад: қисми аввал соати 18:55 пегниҳод гардида, такрори онро метавон бо ин суроға тамошо кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.