Шаҳрвандони Русия ва хориҷиёне, ки дар давраи баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол FIFA 2018 аз 25 май то 25 июл ба шаҳрҳое меоянд, ки дар онҳо бозиҳои чемпионат баргузор мешаванд, бояд дар маҳалли будубош дар муҳлати 3 рӯз худро ба қайд гузоранд.

Қаблан ин муҳлат як шабонарӯз муқаррар шуда буд, ки сарусадоҳои зиёд ба бор овард, зеро маълум набуд, ки дар ин муддати кӯтоҳ мақомоти ВКД корҳои марбут бо шумори зиёди омадагон ва навбатпойиҳо барои бақайдгириро чӣ гуна анҷом медиҳанд. 

Ин мушкилот ҳам мухлисон ва ҳам шаҳрвандони хориҷӣ/муҳоҷиронро нигарон карда буд, ки ба ин шаҳрҳо барои кор ё анҷоми дигар амалҳо меомаданд.

Дар портали Маълумоти ҳуқуқӣ амри №214-и аз ҷониби президенти Русия Владимир Путин баимзорасида аз 12 май «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Амри Президенти Федератсияи Русия аз 9 майи соли 2017, №202 «Дар бораи хусусиятҳои истифодаи тадбирҳои пурзӯри амниятӣ дар давраи баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол FIFA 2018 ва Ҷоми конфедератсия FIFA 2017» нашр шуд.

Мувофиқи он давраи бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ ҳангоми баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол 2018 дар муддати 3 (се) рӯз аз замони омадан ба маҳалли будубош сурат мегирад. Ёдрас мекунем, ки бозиҳои Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол 2018 дар 11 шаҳри Русия - Маскав, Калининград, Санкт-Петербург, Волгоград, Қазон, Нижний Новгород, Самара, Саранск, Ростови лаби Дон, Сочи ва Екатеринбург баргузор шуда, маҳз дар ҳамин шаҳрҳо қоидаи қайд дар муддати 3 шабонарӯз ҷорӣ мешавад. Ба дигар шаҳрҳои боқимонда, ҳамчунин вилоятҳои Маскав ва Ленинград ин қоида дахл надорад.

Ғайр аз ин, бо ин амр президент уҳдадориҳои қайди шаҳрвандонро натанҳо ба дӯши Шуъбаҳои минтақавии масоили муҳоҷирати РВКД Русия, балки Марказҳои бисёрсоҳавии «Ҳуҷҷатҳои ман» (Мои документы) вогузор кард. Пешбинӣ мешавад, ки ин тадбир бояд ба ҷараёни бақайдгирии шумори зиёди хориҷиён, ки дар рӯзҳои баргузории чемпиоант ба Русия меоянд, ба таври назаррас суръат бахшад.

Амали Амр КОМИЛАН ба ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ ва шаҳрвандони Русия дахл дорад.

Дар шабакаи телеграми Сарраёсати масоили муҳоҷирати Русия қайд мешавад, ки ҳамаи хориҷиён дар муддати 3 рӯз аз замони омадан ба ин 11 шаҳри Русия бояд худро ба қайд гузоранд (ҳатто бо доштани созишномаҳои байниҳукуматӣ, доштани РВП ё ВНЖ).

Ба диққати касоне, ки аллакай худро ба қайд гузоштаанд: агар Шумо макони зист ё будубошатонро иваз накунед, ин Амр ба Шумо дахл надорад.